13 декабр дар шаҳри Тошканд вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов як ҳайати густардаи ИМА таҳти сарварии ёвари хоси вазири хориҷаи Амрико дар масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Луро ба ҳузур хоҳад пазируфт.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба журналистон хабар дод.

Дидору мулоқоти Тошканд мувофиқи созишномаи ба дастомада аз мулоқоти сатҳи олии ду кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки он ба сифати мулоқоти нахустин ё инаугуратсионии шарикии стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзёбӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба он ки дар ин мулоқот намояндагони баландпояи ду кишвар ба кадом масъалаҳои муҳим ва геополитикӣ бештар таваҷҷӯҳро тамаркуз хоҳанд дод, маълумоти иловагӣ ироъа нашудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь