Ин Ҳизби сотсиалдемократиҲақиқат ва тараққиётмебошад, ки гуфта мешавад, бо саъй ва ташаббуси доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хидирназар Олломуродов  ташкил шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон гуфтааст, ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ин ҳизб ду маротиба дар чаҳорчӯби қонунгузориҳои мавҷуда мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода шудаанд. Маълум шудааст, ки ин ҳуҷҷатҳо ба талаби қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва “Созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқат намекунанд.

Дафтари матбуоти Вазорати адлия боз далел овардааст, ки тибқи моддаи 6-уми қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” барои таъсиси ҳизби сиёсӣ ҳадди ақал субъектҳои ҳашт ҳудуд (вилоят), ҳамчунин сокинони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва шаҳри Тошканд ба теъдоди 20 ҳазор нафар барои иттиҳод бастан дар атрофи ин ҳизб имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Ин манбаъ афзудааст, ки дар айни ҳол Ҳизби сотсиал-демократи “Ҳақиқат ва тараққиёт” дар маҷмӯъ 9 ҳазору 873  имзо ҷамъоварӣ кардааст, ки теъдоди кофӣ нест. Вақти таҳқиқ маълум шудааст, ки 42 нафар ашхоси дар феҳрасти ҳизб шомилшуда ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.

Ба таъкиди дафтари матбуоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонунгузориҳои ин кишвар тақозо мекунанд, ки кумитаи тадорукоти ҳизб баъди таъсис ёфтан бояд дар муддати се моҳ масъалаҳои ташкилии худро ба анҷом расонад ва ба фаъолияти худ оғоз бахшад.

Бо далел аз натиҷагирии ҳамаи ин ҳолатҳо Вазорати адлияи Ӯзбекистон тасмим гирфтааст Ҳизби сотсиал-демократи “Ҳақиқат ва тараққиёт”-ро сабти ном накунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here