Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин кишвар лабораторияи замонавии омӯзишу таҳқиқ ва барқарор намудани бозёфтҳои бостонштиносӣ ташкил шудааст. Ин лаборатория дар ҳамкорӣ бо Хазинаи мероси фарҳангии Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ ва Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон арзи вуҷуд намудааст.
Лола Раҳмонӣ, сухангӯи Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба “Фараж” гуфт, ки ин лаборатория ба манзури ҳифзи мероси фарҳангӣ таъсис ёфтааст ва бозёфтҳои бою ғании бостоншиносиро барои наслҳои ояндаи кишвараш ба мерос мегузорад.
-Лоиҳаи мазкур дар марҳилаи аввал бо хазинаи 700 ҳазор доллари амрикоӣ дар Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Дар ин ҷо барои мутахассисон дарсҳои омӯзишӣ низ гузаронида мешаванд. То кунун 95 ашёи осорхона, ки аз мусаввараҳо иборатанд, барқарор карда шуданд,-изҳор кард Лола Раҳмонӣ.
Гуфта мешавад, чунин корҳои эҳё ё барқарор намудани ашёи бостоншиносиву таърихӣ, инчунин тармимкорӣ дар толори намоишии ошёнаи 4-уми Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон гузаронида шуд. Пиёда кардани ин корҳо 87 ҳазор доллари амрикоиро тақозо намудааст.
-Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа 6 мутахассиси мо усулҳои эҳё намудани бозёфтҳоро ёд гирифтанд. Онҳо як қатор маҳсулоти сафолин ва фулузиро аз нав эҳё намуданд, ки дар ин осорхона қаблан ба намоиш гузошта шудаанд,-мегӯяд Лола Раҳмонӣ.
Ба таъкиди сухангӯи Вазорати туризм ва варзиши Ӯзбекистон дастуруламалҳои таълимӣ-услубӣ тақдим шудаанд, ки асрори консерватсияи давлати Куриёро ишфо месозанд. Ба гуфтаи Лола Раҳмонӣ дар марҳилаи ниҳоии лоиҳа ба такмили базаи моддӣ-техникии лаборатория таваҷҷӯҳ дода мешавад.
-Дар айни ҳол ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа барои солҳои 2022-2026 омодагӣ мегирад. Марҳилаи дуюми он ба ёдгориҳои таърихии ҳанӯз омӯхтанашудаи вилояти Самарқанд ва такомул бахшидан ба инфрасохторҳои пажуҳишгоҳи бостоншиносии он, инчунин табдил додани он ҷо ба объектҳои сайёҳӣ равона шудааст,-мегӯяд директори лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Ӯзбекистон-ODA, намояндаи Хазинаи мероси фарҳангии Куриёи Ҷанубӣ Ким Донмин.
Вай афзуд, ки иҷрои ин кор 3 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоиро тақозо менамояд ва муддати он панҷ солро дар бар мегирад.
Маълум шуд, ки ҳарду қисмати лоиҳа ҳифз ва идоракунии мероси фарҳангии Ӯзбекистон, табодули таҷриба дар рафти татқиқот ва ҳафриёт, такмили донишу маҳорат ва малакаи муосири бостоншиносии эҳёгарони ашёҳо, ба ҳолати осорхонаи кушод овардани ёдгориҳои таърихиву бостоншиносӣ ва амсоли онро мадди назар гирифтааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд