Тавре Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, дар ин кишвар мавҷудияти вируси штамми бритонӣ ба қайд гирифта шудааст. Он як навъи коронавирус мебошад. Дар баъзе фарҳангҳо омадааст, ки штамм аз хуни одам ё чорвои бемор тайёр карда мешавад.

Дар айни ҳол чунин вируси нав ҷомеаи ҷаҳониро ба нигарониҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст. Гуфта мешавад, ки пахши чунин вирус аз коронавирус пурзӯртар аст ва оқибатҳояш низ дар таносуби ҳамон пурзӯрӣ басо нигаронкунанда мебошад.

Ноиби вазири тандурустии Ӯзбекистон, сардори идораи Санитариву эпидемиологӣ  Баҳодур Юсупалиев бо таассуф мегӯяд, ки ба қайд гирифта шудани навъи бритонии коронавирус ташвишҳои навро ба бор хоҳад овард.

– Мавҷудияти чунин вирус дар як сокини даҳсолаи шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шуд, ки ҳамроҳи аъзои хонаводааш ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кардааст. Онҳо 23 январ аз ин сафар баргаштанд, – иброз дошт Баҳодур Юсупалиев.

Маълум шуд, ки баъди бозгашт дар майдони ҳавоии Тошканд ба таври фаврӣ аз аъзои ин хонавода барои муайян кардани коронавирус озмоиш гирифтаанд ва натиҷаи озмоиши духтари даҳсола мусбат будааст. Ба ҳамин далел ӯро фавран дар бемористони бемориҳои сироятӣ бистарӣ кардаанд.

Бо вуҷуди гумону тахминҳои зиёд ҳанӯз пизишкон ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд, ки дар ин духтар маҳз ҳамон вируси нав сироят шудааст, ё на. Аммо пизишкон мегӯянд, ки дар баъзе намунаҳои марҳалаи дуюми озмоиш эҳтимоли мавҷудияти “штамми бритонӣ” бештар гардид.

Ҳоло вазъи саломатии ин духтар хеле хуб буда, аз бадшавии саломатиаш шикоят накардааст. Ӯро пизишкон мувофиқи усулҳои нави табобатӣ мавриди муолиҷа қарор додаанд. Аъзои ин хонавода низ аз дигарон дур, дар хонаашон қарантин ва зери назорати пизишкон қарор дода шудаанд.

– Мо аз ҳамватанони худ хоҳиш мекунем, ки дар чунин шароити бӯҳронии пахши вирусҳо бидуни зарурат аз кишвар хориҷ нашаванд. Ҳар гуна сафарҳову саёҳии худро ба вақти дигар гузоранд. Ин барои онҳо ва атрофиён низ хеле хуб аст, – гуфтааст Баҳодур Юсупалиев.

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки аҳолӣ ба қоидаҳои қарантин қатъиян риоя кунад. Дар акси ҳол дубора ба назорати қарантинӣ шиддат бахшидан пеш меояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь