Дар шаҳри Тошканд дастандаркорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд  бо таъсиси корхонаи хориҷии умдафурӯшии “Golden Cahs story” ба корҳои ғайриқонунӣ даст задаанд ва пирамидаи молиявиро роҳандозӣ кардаанд.

Дар ин бора  муфаттиши Департаменти тафтишоти корҳои махсусан муҳими Вазорати дохилаи Ӯзбекистон Маъмурҷон Раҳматуллоев тайи як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи подполковники милитсияи ин кишвар аз панҷ аъзои ин гурӯҳ се нафарро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

-Онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бурдаанд ва ба мардум эълон кардаанд, ки агар маҳсулоти заргариашонро ба сифати инвеститсия ба корхонаи онҳо супоранд, дар муддати кӯтоҳ дивиденд ё фоидаи калон ба даст меоранд. Мувофиқи ваъдаи онҳо “сармоягузорон” ҳафтае 2,3 фоиз, солона аз 40 фоиз то 262 фоиз соҳиби пули муфт мегарданд, – гуфт  Маъмурҷон Раҳматуллоев.

Маълум шуд, ки арзиши маҳсулоти заргарии шахсоне, ки онро ба сифати сармоя ба корхонаи “Golden Cahs story” супурдаанд, аз 100 то 10 ҳазор доллариро ташкил намудааст. Ҳатто дар қадами аввал барои ҷалби бештари мизоҷони гумроҳ аз ҳисоби маблағи онҳо ба картаи мизоҷони собиқаи худ миқдори муайяни пул интиқол дода, боварии онҳо ва дигаронро низ ба даст овардаанд.

-Аъзои ин гурӯҳ дар муддати кӯтоҳ ба одамон даромадҳои гӯшношунид ваъда кардаанд ва бо фирефтани ҳазорҳо нафар маблағҳои худро ба ҳисобсуратҳояшон дар хориҷа интиқол додаанд. Инчунин дар ивази маблағҳои калон дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Ӯзбекистон (шояд берун аз он низ) ба соҳибони сарвати ғайриманқул табдил ёфтаанд, – мегӯяд подполковники милитсия Маъмурҷон Раҳматуллоев.

Гуфта мешавад, дар айни ҳол ба муқобили ин панҷ нафар, ки се нафарро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекунанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидаанд. Ин панҷ нафар дар боздоштгоҳҳои муқаддамотӣ ба сар мебаранд ва мавриди тафтишоту бозпурсӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январи соли 2020 М.М. ном як нафар шаҳрванди Украина дар шаҳри Тошканд ба таъсиси корхонаи хориҷии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Golden Cahs story” даст задааст ва дар атрофи худ шариконаш В.К, С.Т, А.С ва Х.Ш-ро фаро хондааст.

Аввал ин корхона ба савдои умдафурӯшии маҳсулоти гуногун машғул шудааст. Аммо бо вуҷуди гузашти вақти кӯтоҳ (дар ин муддат аллакай соҳиби даромади калони муфт шудани онҳо зери шубҳа қарор гирифтааст)  фаъолияти ғайриқонунии худро давом додаанд.

Маъмурҷон Раҳматуллоев

Маъмурҷон Раҳматуллоев баъди анҷоми нишасти матбуотӣ дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири “Фараж” гуфт, ки 17 ноябри соли гузашта Садорати тафтишоти назди Сарсадорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд аз рӯи бандҳои гуногуни моддаи 188-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парванда боз намуда, тафтишро шурӯъ намудааст.

-Мо дар ин бора ҳамтоёни тоҷикистонии худро низ дар ҷараён гузоштем, ки се нафар аъзои ин гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аъзои гурӯҳ  сокинони шаҳри Тошканд, вилоятҳои  Фарғона, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё, Бухоро, Хоразм ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро ба доми фиребу найранги худ даромада, аз паси ҷамъоварии сарват шудаанд. Дар ҳамаи дафтари кории минтақавии онҳо низ корҳои ҷустуҷӯӣ ва тафтиш гузаронидем ва маҳсулоти зиёди заргарӣ ба тариқи ашё мусодира гардид, – изҳор кард муфаттиши Департаменти тафтишоти корҳои махсусан муҳими Вазорати дохилаи Ӯзбекистон Маъмурҷон Раҳматуллоев.

Вай афзуд, касе аз одамони ба доми пирамидаи молиявӣ афтода фикр накардаанд, ки чи гуна як сӯми онҳо дар муддати кӯтоҳ метавонад ба чанд баробар афзоиш ёбад? ё дивидендҳои калон аз ҳисоби кадом маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо ба доми ин гуна ҷинояткорон аслан одамони ҳарис ва ночор меафтанд: аввалӣ мехоҳад як сӯмашро ду сӯм кунад, дуввумӣ дар пайи он мешавад, ки пули муфт ба даст ораду зиндагиашро беҳбуд бахшад. Вале ҳарду тоифаи ин одамон оқибат бемаблағу сармоя мемонанд.

Дар айни ҳол миқдори хисороти молии пирамидаи молиявии як шаҳрванди Украина, се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди дигар, ки аз куҷо будани ӯро ифшо нанамуданд,  1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро фаро гирифтааст. Аммо метавонад миқдори маблағи зараре, ки ба шаҳрвандон расидааст, аз ин шумор бештар бошад.

-Ман мехостам шаҳрвандони кишвари ҳамҷавори мо – Тоҷикистон аз таъсис ва ба даст овардани фоидаҳои муфт парҳез кунанд. Гузашта аз ин, дар кишвари мо ба чунин корҳои ношоям даст задани онҳо фоли нек намебошад. Аллакай чандин гурӯҳҳои пирамидаи молиявиро мо хунсо намудем. Бо вуҷуди ин мардуми зиёд хисороти молӣ диданд ва ба ин раванд дар ҳамкорӣ бояд иктифо бахшем, – қайд намуд Маъмурҷон Раҳматуллоев.

Интизор меравад, ки аъзои гурӯҳ ё пирамидаи молиявӣ бо мусодираи молу мулк ба муддатҳои дароз маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь