Тавре сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ итттилоъ дод, охири ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Ба гуфтаи Шерзод Асадов ин мулоқот танҳо масъалаҳои ҳамкориҳои амалӣ ва дарозмуддатро дар меҳвари баррасӣ қарор дод.
– Бар ин асос президенти мо дастур дод, ки ба омодагиҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ба даст овардани созишномаҳои воқеъӣ дар сафари қарибулвуқӯъ бояд суръат бахшид,-гуфт сухангӯи президенти Ӯзбекистон.
Таъкид гардид, ки ҳамаи созишномаҳо бояд манбаъҳои маблағгузор, иҷрокунандагон ва муҳлатҳои дақиқи худро дошта бошанд.
-Дар ин ташриф қатъномаҳо ба имзо намерасанд,-иброз дошт Шерзод Асадов.
Мавсуф афзуд, ки роҳбари Ӯзбекистон ба лоиҳаҳои муштараки миёни ин ду кишвар дар соҳаи тиб ва энергияи алтернативӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Бино ба гуфтаҳои Асадов президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев охири ҳафтаи гузашта сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ ба муносибати Иди фитр шодбош гуфт.
Вай ҳамчунин оид ба мавзӯҳои дигар ба хабарнигорон маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвараш ба се дарсад афзоиш ёфтааст, аммо ин рақам аз рӯи имкониятҳои фаровоне, ки дар ин мамлакат мавҷуданд, ҳанӯз нишондиҳандаи кофӣ нест.
-Шавкат Мирзиёев имкони то шаш дарсад расонидани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилиро бо истифода аз захираҳои мавҷуда қайд намуд,-гуфт Шерзод Асадов.
Аз ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев панҷ сол сипарӣ мешавад. Дар ин замина мухбири “Фараж” аз Шерзод Асадов суол кард, ки оё механизми мулоқоти ҷаноби Шавкат Мирзиёев бо намояндагони воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла хабарнигорони хориҷии муқими кишвараш корбаст мешавад ва оё оқои Мирзиёев нишасти хабарӣ баргузор мекунад ё хайр.
Сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар посухи ин суол изҳор кард, ки Шавкат Мирзиёев на як бору ду бор бо журналистон мулоқотҳо кардааст, аммо ин мулоқот дар доираи маҳдуд сурат гирифтаанд.
-Ин масъала борҳо матраҳ ва механизмҳои чунин мулоқотҳо тарҳрезӣ шудаанд. Дар ояндаи наздик чунин мулоқоти президенти мамлакатамон бо журналистон дар доираи васеъ баргузор хоҳад шуд. Ҷои иштибоҳ нест, ки мухбири “Фараж” низ дар он ширкат хоҳад кард,-иброз намуд Шерзод Асадов.
Ҳамчунин сухангӯи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин нишасти хабарӣ дар мавриди сафарҳои Шавкат Мирзиёев ба мамолики Осиёи Марказӣ низ таваққуф намуд. Вай гуфт, ки яке аз чунин сафарҳои Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
Интизор меравад, Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин ташриф, ки гуфта мешавад, 10-12 июни соли равон ба вуқӯъ хоҳад пайваст, аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва маркази маъмурии он-шаҳри бостонии Хуҷанд боздид ба амал хоҳад овард.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд