Тибқи муоҳидаи дуҷониба миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳи Сӯх-Фарғона аз 1 сентябр дубора барои равуои мусофирони ду самти марз фаъол гардид.

Гуфта мешавад, ин роҳи ягонаест барои мардуми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки ҳудуди 110 километрро ташкил карда, ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Қирғизистонро убур мекунад.

Ин роҳ аз даҳаи сеюми моҳи марти соли равон, баъди ҷорӣ шудани қоидаҳои карантин барои пешгирӣ аз пандемияи коронавирус, баста буд. Тамоми ин муддат аҳолии ноҳияи Сӯх дар муҳосира қарор доштанд ва наметавонистанд аз Сӯх ба Фарғона ва аз Фарғона ба Сӯх худро расонанд.

Ҷониби Қирғизистон танҳо барои мошинҳои интиқолдиҳандаи маводи тиббӣ ва хӯрокворӣ иҷозаи ҳаракат аз тариқи марзи худро дода буд. Дар айни ҳол ҳамаи маҳдудиятҳои ҷоришуда лағв гардидаанд.

Аз мусофирони ду самти марз тақозо мешавад, ки ҳамаи қоидаҳои карантин ва маҳдудиятҳои ҷоришудаи санитариву эпидемиологиро қатъиян риоя кунанд.

Ба иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон аз 2 сентябри соли равон ҳамаи маҳдудиятҳои убуру мурури шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт барои шаҳрвандони ду кишвар дар гузаргоҳҳои дигар низ лағв карда шуданд.

Минбаъд шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ва воситаҳои нақлиёти онҳо аз тариқи гузаргоҳҳои “Дӯстлик”, “Қизилқия”, “Маданият” ва “Баймак” низ бидуни маҳдудият ба қаламрави ҳамдигар равуо карда метавонанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь