24 октябр, рӯзи якшанбе дар Ӯзбекистон интихоботи президентӣ баргузор гардид. Он соати 8-00- и субҳ оғоз ёфт ва соати 20-00-и шом ба охир расид.
-Аммо раванди овоздиҳиҳо ҳанӯз дар ҳавзаҳои интихоботии назди намояндагиҳои баъзе давлатҳои аврупоӣ ва ИМА ба охир нарасидааст. Бо вуҷуди ин, натиҷагириҳои муқаддамотӣ бар инаанд, ки дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 миллиону 36 ҳазору 914 нафар иштирок карданд ва он 80,8 дарсади теъдоди умумии интихобкунандагонро ташкил менамояд,-гуфт раиси КМИ Зайниддин Низомхӯҷаев.
Ба таъкиди ӯ мувофиқи моддаи 96-уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон агар дар интихобот ҳадди ақал 33 дарсади интихобкунандагон ширкат намоянд, ин интихобот баргузоршуда шумурда мешавад. Барои ҳамин бар асоси ин кодекс дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи президентӣ ҳақиқӣ шумурда мешавад.
-Дар айни ҳол аъзои комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ба шумориши овозҳо машғуланд. 25 октябр натиҷаҳои муқаддамотии интихобот эълон мегардад, ки кадом номзад чи қадар райъи мардумро ба даст овардааст,-гуфт Зайниддин Низомиддинов.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ишғоли курсии президентӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ Мақсуда Ворисова, аз Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” Баҳром Абдуҳалимов, аз Ҳизби “Эҳёи миллӣ” Алишер Қодиров, аз Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов ва аз Ҳизби либерал-демократ Шавкат Мирзиёев пешбарӣ шуданд.
Дар бораи номзадҳо ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба якчанд забон, аз ҷумла забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, русӣ, қирғизӣ, қароқалпоқӣ ва амсоли он шиору плакатҳо, маълумотҳо нашр гардиданд. Ба ҳар як миллат имкон дода шуд, ки то баргузории раванди овоздиҳӣ ба забони худ бо таримаи ҳол, фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ошно шавад.
Рӯзи интихобот ҳар як номзад дар ҳавзаи марбут ба ҷои истиқомати худ ба назди қуттиҳои райъдиҳӣ ҳозир шудааст. Аз ҷумла, Шавкат Мирзиёев бо аъзои хонаводааш дар ҳавзаи интихоботии рақами 59-и ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд овоз додааст. Ҳеч як номзад баъди овоздиҳӣ бо хабарнигорон мулоқот анҷом надод ва изҳороте низ пахш нанамуд.
Интихобкунандагон дар 9 ҳазору 925 ҳавзаи интихоботӣ овоз доданд. Теъдоди умумии ба рӯйхат гирифташудагон 19 миллиону 900 ҳазлор нафарро ташкил намуд ва тибқи маълумоти КМИ аз ин ҳисоб бештар аз 16 миллион ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба ҳар як нафаре, ки аллакай овоз додааст, навиштаи “Ман овоз додам, ту чи?” мечаспониданд.
Ба гуфтаи нозирон ин масъулияти аъзои ҳавзаи интихоботиро меафзояд ва баёнгари он аст, ки онҳо ҷиддан ба интихобот омодагӣ гирифтаанд ва ба ҳар овоздиҳанда таваҷҷӯҳ мекунанд.
Аз 14 то 20 октябр барои 400 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон имкон фароҳам оварда шуд, ки пеш аз вақти баргузории интихобот ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ ва ё дар ҷои сукунати худ ба тарафдории номзади дилхоҳи худ овоз диҳанд. Онҳо афроде мебошанд, ки ба сафар мебаромаданд ва ё имкони ҳозиршавӣ ба ҳавзаи интихоботиро надоштанд.
Тавре ки ҷонишини аввали вазири хориҷаи Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев дар як брифинг иброз намуд, барои шаҳрвандони мусофир ва муҳоҷири кишвараш дар хориҷа 54 ҳавзаи интихоботӣ ва 380 маҳали овоздиҳии мобилӣ ташкил карданд ва иштироки онҳоро ҷиҳати адои ҳуқуқи конститутсиониашон таъмин намуданд.
Нозирони зиёди байналмилалӣ дар бораи баргузории интихоботи президентӣ фикру ақидаи мусбат баён мекарданд. Онҳо ибрози ризоият менамуданд, ки дар Ӯзбекистон ба интихоботи президентӣ ҷиддан омодагӣ гирифта шудааст ва он аз ҳар нигоҳ қобили ситоиш мебошад.
-Маро иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, фазои орому осудаи ҷараёни овоздиҳӣ ва чеҳраи хушҳоли мардум хеле ба ваҷд овард. Дар ҳавзаҳои интихоботие, ки ҳузур доштам, комилан чунин ҳолатро мушоҳида кардам,-гуфт ба мухбири “Фараж” вакили депутати Палатаи Вакилони Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Белорус Сергей Дик.
-Ман ба ҳайси нозир аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат мекунам. Дар якчанд ҳавзаи интихобтии шаҳри Тошканд раванди овоздиҳиро мушоҳида кардам ва итминон ҳосил намудам, ки ба ин маъракаи сиёсӣ ҷиддан омодагӣ гирифтаанд. Ягон чизи ғайримуқаррарӣ ба назар нарасид ва ҳама орому осуда ба назди қуттиҳои райъдиҳӣ меомаданд ва овоз медоданд,-изҳор намуд Ризо Носирӣ.
Вай афзуд, ки дар ҳавзаҳо аз ҳар ҳизби сиёсӣ нозирон бо ширкати худ раванди овоздиҳиро назорат мекарданд. Ризо Носирӣ боз тазаккур дод, ки ба ақидаи вай интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон кушоду шаффоф ва беқонуншиканиҳо гузашт ва дар ин робита иштибоҳе мавҷуд нест.
Зимни баргузории брифингу нишастҳои хабарӣ бо иштироки нозирони байналмилалӣ дар робита ба қонуншиканиҳо ё ҳолатҳои дигаре, ки раванди интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистонро метавонистанд халалдор кунанд, ягон эътироз ба назар нарасид.
Ногуфта намонад, ки Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон барои журналистони маҳалливу хориҷӣ шароити мувофиқу созгор фароҳам овардааст.
Дар ҳар соат бо иштироки раис ё ҷонишини раиси КМИ, роҳбарони идораҳои интизомӣ, аз ҷумла вазири дохила, додситони кулл ва раиси додгоҳи олӣ брифинг ва нишастҳои хабарӣ баргузор гардиданд. Ин раванд то шоми 25 октябр идома хоҳад кард.
Дар айни ҳол перомуни қонуншиканиҳо дар рафти интихоботи президентӣ ягон маълумот ироа нашудааст. Инчунин нозирони зиёди байналмилалӣ дар шароити пандемия бо риояи қоидаҳои ҷоришуда баргузор шудани интихоботи президентии Ӯзбекистонро эътироф карданд ва ба он баҳои баланд доданд.
Ҳанӯз нозирони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, созмонҳои дигар дар бораи ҷараёни овоздиҳӣ ва ҳолатҳои вайрон шудани қонун ягон вокуниши мусбат ё манфӣ нишон надодаанд.
Интизор меравад, ки баъд аз зӯҳри 25 октябр натиҷагирии муқаддамотии интихоботи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон карда мешавад, ки кадом номзад чи қадар овозҳои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Натиҷаҳои ниҳоии он то 31 октябр эълон карда хоҳад шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд