Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷаноби Иброҳим Раисиро бо пирӯзиаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Исломии Эрон муборакбод гуфт. Дар ин бора сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов дар шабакаи телеграми худ навишааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ Шавкат Мирзиёев ба рушди минбаъдаи муносибатҳои миёни Ӯзбекистону Эрон дар соҳаҳои гуногун ибрози умедворӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоботи президентӣ баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷагириҳои муқаддамотӣ дар интихоботи президентӣ раиси Додгоҳи Олии Эрон Иброҳим Раисӣ бо касби бештар аз 62 дарсади овозҳо пирӯзиро ба даст овардааст. Гуфта мешавад, ба тарафдории Раисӣ ҳудуди 18 миллион шаҳрванди кишвараш овоз додаанд.

Рақибони Иброҳим Раисӣ, аз ҷумла президенти вақти ҶИЭ Ҳасани Рӯҳонӣ ин ғалабаи ӯро эътироф ва Раисиро бо маснади президентӣ муборакбод кардаанд.

Иброҳим Раисӣ соли 2019 ба мақоми раиси Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шудааст. Вай то таъйиншавӣ ба ин мақом Додситони кулли ин кишвар будааст. Раисӣ дар интихоботи гузаштаи президентӣ низ барои ишғоли ин курсӣ даъвогарӣ кардааст, вале овозҳои ба даст овардаи ӯ кофӣ набудаанд, ки ин курсиро ишғол намояд. Вай аз рӯи овозшумориҳои интихоботи гузашта мавқеи дуюмро ишғол кардааст.

Ба ақидаи коршиносон Иброҳим Раисӣ намояндаи консерваторҳои Эрон мебошад ва дар муносибат бо Ғарб мавқеи хеле шадидро ишғол менамояд. Барои ҳамин аллакай зимни адои вазифа ба ҳайси раиси Додгоҳи Олии Эрон ИМА дар муқобили ӯ таҳримҳо эълон шудааст.

Аммо коршиносони дигар бар ин ақида устуворанд, ки дар бораи фаъолиятҳои ояндаи Иброҳим Раисӣ ба сифати раисиҷумҳури нави Эрон вокуниши мусбат ё манфӣ нишон додан барвақт хоҳад буд, зеро иддае аз президентон баъди ишғоли маснади президентӣ барои нарм намудани муносибат бо кишварҳои дуру наздик талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

Ногуфта намонад, ки робитаҳои миёни Ӯзбекистон ва Эрон баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев хеле беҳбуд ёфт. Гуфта мешавад, ҳоло ин ду кишвар ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногун беш аз пеш тавсеъа мебахшанд. 29 сол муқаддам ин ду кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносони масоили минтақавӣ бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев муносиботи Ӯзбекистону Эрон ба дараҷаи сифатан нав боло рафт. Ҳоло имкон пайдо шудааст, ки ду кишвари дӯст дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, савдову тиҷорат, фарҳангу туризм ва сармоягузорӣ робитаҳои худро беш аз пеш густариш бахшанд. Интизор меравад, ки дар замони салтанати Иброҳим Раисӣ робитаҳои ду кишвар боз бештар рӯ ба густариш хоҳанд овард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь