23 июли соли равон маъракаи интихоботи президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман оғоз ёфт. Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар эълон кард, ки маъракаи овоздиҳӣ 24 октябр баргузор мегардад.

Бар асоси ин эълон ҳизбҳои сиёсии аз ҷониби Вазорати адлияи Ӯзбекистон ба қайд гирифташуда ҳуқуқ доранд, ки аз номи ҳизб номзадҳо ба мақоми президентиро пешбарӣ намоянд.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев интихоботи президентӣ бар асоси қонунгузории нави миллии интихобот ва стандартҳои байналмилалии эътирофшуда, инчунин принсипҳои демократӣ шаффофу ошкоро баргузор хоҳад шуд.

– Беш аз 20 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон ба феҳрасти ягонаи электронии интихобкунандагон шомил карда шудаанд. Раванди интихоботи президентии моро ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳояшонро пешбарӣ кардаанд, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, нозирони кишварҳои хориҷӣ ва воситаҳои ахбори умум назорат хоҳанд кард, – изҳор намуд Зайниддин Низомхоҷаев.

Таъкид гардид, ки интихоботи кунунӣ аз интихоботҳои қаблӣ фарқ хоҳад кард, зеро дар он фаъолияти баланди иҷтимоии шаҳрвандон эҳсос хоҳад шуд.

– Агар шумо ба маводи воситаҳои ахбор ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканед, хоҳед дид, ки шаҳрвандон на танҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ хеле фаъол шудаанд. Ин, бешубҳа, таккони сахте хоҳад буд, – гуфт раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев.

Гуфта мешавад, Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон маркази матбуотии худро низ таъсис додааст, ки барои журналистони маҳалливу хориҷӣ ва блогнависон шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь