Тибқи таомуле, ки дар байни мардуми тоҷику ӯзбек роиҷ аст, хонанишинӣ кори занҳост, аммо наздики даҳ рӯз мешавад, кулли мардуми шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон хонашин шудаанд.

Ҳоло Вазорати тандурустии ин кишвар теъдоди ба коронавирус сироятшудагонро 390 нафар арзёбӣ кардааст. Аз ин шумора 30 нафар саломатии худро бақарор кардаанд. Чанде муқаддам ду нафари сироятшуда ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли як сокини шаҳри Тошканд муддати дароз бо фарзандону наберагон аз наздик суҳбат накардааст, аммо ба сабаби ҷилавгирӣ аз пахши коронавирус ҳоло ба таътили иҷборӣ фиристода шуд ва хонашин мебошад.

-Ин коронавирус кори худро кард! – мегӯяд ин мард норозиёна.

Ҳувайдост, ки базӯр ба ин ҳолу вазъият сабру таҳаммул мекунад.

Одамони зиёд дар айни ҳол  наметавонанд, ки аз падару модар, хешу ақориб ва пайвандонашон хабар гиранд.

– Ин ҳам як дарди ҳарина! – мегӯяд ҳамсуҳбати дигарам бо шеваи тунд.

Ба гуфтаи ӯ ҳамсараш барои дидани писараш ба вилояти Сурхондарё рафтааст. Писари онҳо он ҷо ба кор таъйин шудааст. То маҳдудиятҳои роҳ писараш  ба назди онҳо ва зану фарзандонаш омада мерафт.

– Акнун ҳатто завҷаам наметавонад, ки ба хона баргардад, – мегӯяд ин мард.

Ҳаракату парвози тамоми воситаҳои нақлиётии байнишаҳрии заминиву ҳавоӣ дар Ӯзбекистон лағв шудааст. Гуфта мешавад, маълум нест, ки ин ҳол то кай давом хоҳад кард.

Ҳоло ба далели пахши коронавирус мардуми зиёд дар ҳар куҷо банд мондаанд. Кадоме аз онҳо ба аёдати шахси бемор ба шифохонаи вилоят ё пойтахти кишвар рафтааст, кадоме аз пайи кори дигар хонаашро тарк кардааст.

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад. Ҳамчунин, деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғонаро низ танҳо як роҳ ба вилоят мепайвандад, ки аз қаламрави Қирғизистон мегузарад.

Дар айни ҳол Қирғизистон убуру мурур аз тариқи гузаргоҳҳояшро барои шаҳрвандони Ӯзбекистон бастааст. Гуфта мешавад, ки танҳо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, дорукашони тиббӣ, мошинҳои интиқоли маводи сӯхт ва хӯрокворӣ иҷозаи убуру мурур аз тариқи марзи Қирғизистонро доранд. Барои шаҳрвандони дигар иҷоза нест, ки ба қасди равуо ба маркази вилоят ва минтақаҳои дигари Ӯзбекистон аз қаламрави ноҳияи Сӯх ва деҳаҳои Шоҳимардону Ёрдони ноҳияи Фарғона бароянд.

Тибқи хабарҳои расида, як гуруҳи беш аз 200-нафараи сокинони ноҳияи Сӯх дар маркази вилоят қарор доранд. Онҳо то чанд муддат дар хонаҳои хешу табор ва дӯстони худ буду бош мекарданд, аммо меҳмонӣ дар ҳама давру замон ва ҳолат наметавонад тӯлонӣ бошад. Як қисми онҳо аз тарафи соҳибкорони сӯхӣ, ки дар шаҳри Фарғона фаъолият мекунанд, дар меҳмонхонаҳои хусусӣ ва меҳмонсаройҳо ҷойгир карда шудаанд. Ба гуфтаи директори мактаби махсуси рақами дуюми ноҳияи Сӯх Фарҳод Ҷӯраев бо тақозои кору вазифа вай натавонист ба Сӯх баргардад. Ҳоло дар қатори сӯхиёни дигар ин ҷо банд мондааст.

– Кӯшиши зиёд бар харҷ дода мешавад, ки ин одамон эҳсоси нороҳатӣ накунанд. Ҷиҳати таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷои зист мушаххасан чораҷӯӣ шудааст. Дар ин маврид ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев, депутатҳо ва соҳибкорон ҳамеша  аз аҳволи онҳо хабар мегиранд, – мегӯяд Фарҳод Ҷӯраев.

Ҳанӯз дар Ӯзбекистон аз мардум тақозо мешавад, ки дар хона бимонанд ва бидуни зарурат ба кӯчаву бозор набароянд. Ҳоло ба одамони синнашон аз 65 боло баромадан ба кӯча комилан манъ шудааст.

Дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд ва марказҳои маъмурии вилоятҳову ноҳияҳо ба гаштугузори мошинҳои шахсӣ низ иҷоза дода намешавад. Танҳо мошинҳое, ки рақамҳои дипломатӣ доранд, ҳамчунин мошинҳои кормандони идораҳои давлатӣ, мошинҳое, ки барои кашондани маводи хӯрокворӣ, доруворӣ, тиббӣ ва амсоли он муқаррар шудаанд, ҳаққи ҳаракат дар шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳои онро доранд.

Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бори дигар ба мардуми худ хитоб кард, ки ҳушёру зирак бошанд ва бо дар хона нишастани худ аз пахши ин вируси беамон ҷилавгирӣ кунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь