Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш дар бораи изҳороти сарони баъзе давлатҳо нисбати Ӯзбекистон изҳори назар кардааст. Дар ин бора дар шабакаи телегроми сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов хабар дода мешавад.

Бино ба иттилои ин манбаъ Шавкат Мирзиёев гуфтааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҷониби раҳбарони баъзе давлатҳо изҳороти беасос пахш мегардад, ки Ӯзбекистон бояд аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода сабақ бигирад.

“Мо вазъи минтақа, тамоми чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти онро бодиққат пайгирӣ мекунем. Барои посухгӯии муносиб ба ҳар таҳдид салоҳият ва қудрати лозимаро дорем”, изҳор кардааст Шавкат Мирзиёев.

Гуфта мешавад, дар ҷамъомади густардаи Шӯрои амният президент Шавкат Мирзиёев доир ба ҳодисаҳои Қазоқистон таваққуф намудааст.

«Мо наметавонем аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя ва бародарии мо Қазоқистон ба амал омадаанд, нигарон набошем. Мо ҳазорҳо сол боз бо халқи Қазоқистон паҳлӯ ба паҳлӯ ба сар мебарем. Моро таърих, анъана ва фарҳанги умумӣ бо ҳам мепайванданд. Ояндаи мо низ бо ҳам зич алоқаманд аст”, гуфтааст президенти Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев дар ин рӯзҳо вай чанд маротиба бо раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тавассути телефон гуфтугӯ кардаааст. Ӯ аз номи мардуми Ӯзбекистон ба мардум ва раҳбарияти Қазоқистон барои талошҳо дар таъмини суботу оромӣ ва шукуфоии ин кишвар изҳори пуштибонӣ намудааст.

“Бо истифода аз фурсат бори дигар ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониёни ин ҳодисаҳо таслият ва ҳамдардии самимии худро изҳор менамоям. Инчунин ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно дорам”, қайд намудааст Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлати Ӯзбекистон дар пайи он аз даргоҳи Худованди мутаъол шукргузорӣ кардааст, ки вазъи ин кишвари ҳамсоя тадриҷан ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад, фаъолияти сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барқарор шуда, рӯзгори ҳаррӯзаи шаҳрвандони он беҳбуд меёбад.

“Итминон дорам, ки мардуми хирадманди Қазоқистон, ки дар таърихи худ аз озмоишҳои сангин гузаштааст, ба зудӣ душвориҳои ин рӯзҳоро мардонавор паси сар карда, аз ин вазъ боз ҳам қавитару муттаҳидтар шуда мебарояд», — гуфтааст роҳбари Ӯзбекистон Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Шӯрои амнияти кишвараш аз он боз ёдовар шудааст, ки ташаккули Нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ба замони хеле мураккаби ҳарбӣ-сиёсии дунё ва минтақа рост омадааст.

Ба таъкиди ӯ бо вуҷуди ҳамаи ин ислоҳот дар кишвараш қодир аст, ки Нерӯҳои мусаллаҳ амнияти миллӣ ва оромии мардуми Ӯзбекистонро куллан таъмин кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади Шӯрои амнияти Ӯзбекистон дар арафаи санаи бузурги ин кишвар – 30-солагии таъсисёбии Нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон баргузор гардидааст. Дар он президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фармондеҳи олии  Нерӯҳои мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here