Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30-умин солгарди истиқлол ҷашн гирифта шуд. Он дар боғи “Ӯзбекистони нав”, ки дар арафаи ин ҷашн бунёд шудааст, дар фазои мутантан ва хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ кард. Вай мардуми кишварашро бо ин ҷашни бузург самимона табрик гуфт.
Президент афзуд, ки дар тӯли асрҳо орзуи деринаи мардуми кишвараш зиндагии озод дар ҷомеаи одилона буд ва барои ба ин орзуи худ расидан мубориза бурд, мураккабтарин озмоишҳои ҳаётро паси сар намуд. Ахиран ба чунин ҳаёти озоду фаровон муваффақ шуд.
-31 августи соли 1991 барои мардуми мо воқеаи фаромӯшнопазир рух дод. Ин воқеаи бузурги таърихӣ буд, ки эътимоди мардуми моро ба фардои дурахшон тақвият бахшид ва ин орғуи вайро амалӣ намуд,-гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай зимни суханронӣ президенти нахустин Ислом Каримовро ёдоварӣ кард, ки ин истиқлолиятро эълон кардааст. Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон бемуҳобот Ислом Каримов ба сари қудрат дар давраи мушкилтарини таърихӣ омадааст вамӯҷиби дигаргуниҳои зиёд дар кишвараш шудааст.
-Ҳоло Ӯзбекистон дар миқёси байналмилалӣ ҷойгоҳи муносибро ишғол намудааст. Дар он ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои вай, озодии сухан ва дин таваҷҷӯҳи хос дода мешавад. Стратегияи миллии ҳуқуқи инсонро қабул кард. Падидаҳои зиёди манфӣ, чун меҳнати маҷбурӣ ва истифода аз меҳнати кӯдакон сарфи назар карда шуд,-изҳор кард президенти Ӯзбекистон.
Зимни суханронӣ Шавкат Мирзиёев гуфт, ки бори аввал дар таърихи худ Ӯзбекистон ба узвияти шӯрои Ҳуқуқи инсони СММ пазируфта шуд. Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон пиёда мешавад, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди пазироии гарму ҷӯшон қарор гирифт.
-Панҷ соли охир давраи озмоишҳои ғайриоддӣ барои мо буд. Хусусан, пахши пандемияи куруно, ки соли 2020 оғоз ёфт, мушкилоти зиёдеро дар кишвари мо низ ба миён овард. Худованди мутаол моро дастгирӣ намуд ва мардум ба ваҳдат омад ва ҷиддан ба меҳнаткунӣ машғул шуд. Ба ин далел озмоишҳо ва душвориҳои зиёдро паси сар кардем. Ҳоло дар мамлакат ислоҳоти васеъмиқёсро пиёда мекунем, ки кишварамонро ба давраи-Ӯзбекистони нав ворид шуд,-тазаккур дод Шавкат Мирзиёев.
Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон дар давоми солҳои 2017-2020афзоиши иқтисодӣ ба 18,3 фоил расид, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 60 миллиард долларро ташкил намуд. Табодули моли хориҷӣ дар соли 2016 24 миллиард доллар буд ва ин рақам ба 36 миллиард доллар боло рафт.
Шавкат Мирзиёев таъкид варзид, ки Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам овардааст. Жар айни ҳол эътимоди сармоягузорон ба Ӯзбекистон афзуда, онҳо ба иқтисодиёти он сармояҳои зиёд ворид менамоянд. Гуфта мешавад, ҳаҷми сармоягузориҳо дар муддати кӯтоҳ ба се баробар афзоиш ёфтааст.
Вай зикр намуд, ки Ӯзбекистон аз давраи бӯҳрони душвортарини ҷаҳонӣ худро раҳо менамояд.
-Дар доираи барномаҳои “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” минтақаҳои зиёди аҳолинишин ободу зебо гардиданд. 140 ҳазор манзили наву арзону хушсифат сохта шуд. Агар онро ба соли 2016 муқоиса намоем, 11 маротиба афзудааст,-гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба гуфтаи ӯ дар кишвараш низоми ёрии аввали тиббӣ ва таъҷилӣсифатан тағйир ёфтааст. Барои муоинаву муолиҷаи мардуми он марказҳои махсуси тиббӣ, поликлиникаҳо сохта шудаанд. Ин мусоидта намудааст, ки бо пандемия дар кишвараш самаранок мубориза баранд.
-Дар мамлакати мо фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 62 фоизро ташкил менамояд. Биноҳои зиёд фарзандони мардуми кишварро ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро мегиранд. Мо ба масъалаи кушодани муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ низ аҳаимяти хоса медиҳем,-гуфт сарвари давлати Ӯзбекистон.
Тавре ки Шавкат Мирзиёев қайд намуд, танҳо дар соли 2020 56 мактаби махсус оид ба математика, 28-оид ба кимё ва биология, 14-оид ба информатика ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣтаъсис дода шудаанд. Ҳоло 141 донишгоҳу донишкадаҳо фаъолият мекунанд ва квотаи қабул ба он се баробар афзудааст.Фарогирии ҷавонон 28 дарсадро ташкил менамояд.
-Мо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоядории нек бо давлатҳои минтақаро ба роҳ мондем.Дар сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мафҳуми “Рӯҳи Осиёи Миёна” арзи вуҷуд намуд,-гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба таъкиди ӯ Ӯзбекистон ба рӯйдодҳои ахири Афғонистон таваҷҷӯҳ мекунад. Дар ин замина Ӯзбекистон бо риояти тамоюлҳои дӯстиву ҳамсоядории нек бо ин кишвар муносибатҳои дӯстонаашро тақвият мебахшад. Талош менамояд, ки интиқоли ҳокимият дар Афғонистон бо дарназардошти меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, аз роҳи осоишта ва ризоияти умумимиллӣ сурат гирад.
Шавкат Мирзиёев вакилони корпусҳои дипломатӣ ва ҷамъи меҳмононеро хайрамақдам гуфт, ки аз кишварҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд ва бо ҳузури худ ин ҷашнвораро шукӯҳ мебахшанд.
Ин ҷашнвора бо намоиши барномаҳои хоси консертӣ боз ҳам бештар дар иштирокчиёни он таассуроти хуб боқӣ гузошт.
Дар саросари Ӯзбекистон тантанаҳои идонаи таҷлили 30-умин солгари истиқлолият давом доранд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд