Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи чоршанбе тайи як нишасти хабарӣ эълон кард, ки сабти номи нозирони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум то 14 октябри соли равон давом мекунад.
Ба гуфтаи Баҳром Қӯчқоров, ноиби раиси КМИ Ӯзбекистон, интихоботи президентии 24 октябрро 1 ҳазору 565 хабарнигори маҳалливу хориҷӣ инъикос хоҳанд кард. Аммо ҳоло боз андак муддат боқӣ мондааст, то ки хабарнигорони расонаҳои маҳалливу хориҷӣ худро дар КМИ сабти ном кунанд.
– Барои сабти номи журналистони ягон расона маҳдудият мавҷуд нест. То рӯзи ниҳоии сабти ном, яъне 14 октябр, хабарнигори ҳар расонаи маҳаллӣ ё хориҷӣ метавонад барои сабти ном ба мо муроҷиат кунад, – гуфт Баҳром Қӯчқоров.
Ноиби раиси КМИ Ӯзбекистон дар посух ба суоли мухбири “Фараж”, ки чаро дар шабакаҳои телевизионӣ баҳсҳои миёни даъвогарони курсии президентӣ ба роҳ монда нашудаанд, чунин гуфт:
– Мо дар шабакаҳои телевизионӣ барои баргузор кардани теледебатҳое, ки шумо мегӯед, вақт ҷудо кардаем. КМИ ваколати онро надорад, ки номзадҳоро иҷборан барои баҳсҳои миёни ҳамдигариашон даъват кунад. Инро ҳар як ҳизб худаш ҳал мекунад, ки номзади пешбарикардааш бо рақибони худ вориди баҳс мешавад, ё на. Аммо имконият фароҳам оварда шудааст, ки онҳо ба ин кор иқдом намоянд.
Инчунин аз Баҳром Қӯчқоров пурсида шуд, ки дар робита ба баъзе тавсияҳои намояндагони Бюрои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба омодагириҳо ба интихобот дар ҳавзаҳо чи назар дорад.
– Ҳар як тавсияи нозиронро, ки баъди боздид аз ҳавзаҳои интихоботӣ ба мо ироа мекунанд, талош менамоем, ки дар сурати фаврӣ ба он вокуниши мусбат нишон диҳем. Ҳисоботи муқаддамотии ин созмони бонуфузро, ки 8 октябр дарҷ гардид, пурра мавриди омӯзиш қарор гирифт. Барои иҷрои тавсияҳо ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ огоҳ карда шуданд,-мегӯяд Баҳром Қӯчқоров.
Дар нишасти хабарӣ перомуни харҷи маблағе, ки барои тарғиботи пешазинтихоботии номзадҳо ихтисос ёфтааст, ибрози назар сурат гирифт. Маълум шуд, ки бо вуҷуди ҷудо шудани маблағҳои барои ҷамъи номзадҳо баробар ихтисосдодашуда бархе аз онҳо чандон фаъолнокӣ нишон намедиҳанд. Гуфта шуд, ки тарғиботи пешазинтихоботӣ барои пайдо кардани тарафдорони бештар хеле мусоидат хоҳад кард.
– КМИ аз арёёбии он ки кадом номзад ин маъракаро чи гуна истифода мекунад, дар канор аст. Ин кори ҳамон ҳизб ва номзади пешбарикардаи он мебошад. Аммо дар сурати харҷ нашудани маблағ ҳаминро метавон гуфт, ки баъди анҷоми маъракаи пешазинтихоботӣ йисми боқимондаи он ба хазинаи давлат баргардонида мешавад,-гуфт ноиби раиси КМИ Ӯзбекистон.
Дар ҳамин ҳол оид ба раванди омодагиҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ, мулоқотҳои пешазинтихоботии номзадҳо, пиёда кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба интихобот ҷалб намудани теъдоди бештари мардум тамоми воситаҳои ахбори ин кишвар сафарбар карда шудаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд