Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар минтақаҳои ин кишвар  чанд мошин боздошт шудаанд, ки ҳомили маводи мухаддир буданд. Гуфта мешавад, ки як қисми ин мавод аз тариқи қочоқбарон ба Ӯзбекистон аз Тоҷикистон интиқол ёфтааст.  

Ходимони ин ниҳод дар вилояти Сирдарё аз интиқоли маводи мухаддири зиёд ҷилавгирӣ кардаанд, ки арзиши он баробари 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Кормандони оперативӣ мошинеро боздошт кардаанд, ки аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ба ноҳияи Бӯкаи ин вилоят ҳаракат мекард.

Ҳангоми аз назар гузаронидани салони мошин дар он 1 килову 879 грам маводи мухаддири синтетикии амфетамин, 1 килову 822 грам афюн ва 3 килову 972 грам нашъа кашф ва мусодира шудааст.  Таҳқиқи мавзӯъ маълум кардааст, ки ин мавод ба мусофири ҳамин мошин шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ҳодисаи марбут ба ҳамлу савдои ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Намангон рух додааст. Дар ин ҷо аз фурӯши 1 кило нашъа ҷилавгирӣ шудааст. Ин маводи мухаддир низ аз Тоҷикистон тавассути кочоқбарон ба вилояти Намангон  интиқол ёфтааст.

Қочоқбар, ки қаблан барои харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир муҷозот шуда ва баъдан ба озодӣ баромадааст, ба ҷои он ки дигар ба ин кор даст назанад, мавриди пайгард қарор гирифтааст. Ҳангоме ки вай мехост дар ивази 14 ҳазор доллар ин маводро ба яке аз мизоҷонаш ба фурӯш расонад, боздошт шудааст.

– Маълум шуд, ки ин маводи мухаддир тавассути қочоқбарон аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон вориди кишвари мо шудааст. Ҳангоми кофтукови ҳавлии шахси боздоштшуда 802 грам афюн ва дастикам 3 кило нашъа низ мусодира гардид, – мегӯяд як ходими оперативии хадамоти амният.

Гуфта мешавад, ки интиқоли маводи мухаддир аз марзи Қирғизистон ба Ӯзбекистон низ чанд маротиба ба қайд гирифта шуд. Дар вилояти Фарғона зимни таваққуфи як мошини сабукрав ходимони амният аз дохили он наздики як кило нашъа мусодира кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар натиҷаи пиёда кардани чанд амалиёти фаврӣ танҳо дар вилояти Фарғона дастикам ду кило амфетамин, наздики 3 кило афюн ва бештар аз 9 кило нашъа мусодира шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь