30-юми январ дар Тошканд Чепионтаи дуюми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар намуди футзал байни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид.

Барандаи ин мусобиқа тими Эрон шуд, ки дар се бозии анҷомшуда се пирӯзӣ ба даст овард. Духтарони футзалбози Узбекистон бо 6 имтиёз медалҳои нуқраро гирифтанд. Медалҳои биринҷӣ бо 3 мтиёз насиби тими занонаи Тоҷикистон шуд. Духтарони футзалбози Тоҷикистон дар бозӣ бо Узбекистону Эрон мағлуб  ва бар Қирғизистон пирӯз шуданд.

Баъди натиҷагирии чемпионати CAFA-2023 дастаи Тоҷикистон ҷоизаи Fair Play гирифт. Ҷоизаи хос ба дастаи Қиргизистон дода шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Соро Ширбейгӣ (Эрон) буд, ки ҳафт гол зад. Ҷоизаи муфидтарин бозигари чемпионатро мисли як соли пеш Фаришта Каримӣ аз тими миллии Эрон гирифт.

Натиҷаи мусобиқа:

Даври 1

Узбекистон – Тоҷикистон – 7:1

Эрон – Қирғизистон – 5:0

Даври 2

Тоҷикистон – Эрон – 0:16

Қирғизистон – Узбекистон – 1:6

Даври 3-юм

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:4

Узбекистон – Эрон – 4:5

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь