Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо кормандони эҷодиву фаннии рӯзномаи “Овози тоҷик” дидору мулоқот баргузор кард. Ин ташрифи нахустини сафири тоҷик дар солҳои касби истиқлоли ду кишвар ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад.

Дарвоқеъ, роҳандозии чунин дидору мулоқотҳо бо аҳли адабу фарҳанг ва марказҳои фарҳангии тоҷикони муқими Ӯзбекистон аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ҳукми анъана даромадааст.

Сардабири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов ташрифи устод Абдуҷаббор Раҳмонзодаро ба идораи рӯзнома бо самимияти том хайрамақдам гуфт. Баъд изҳор намуд, ки дар солҳои охир равобити ду кишвар беш аз пеш доман фарох мекунанд.

– Ҷои иштибоҳ нест бигӯям, ки бар асоси иродаи сиёсии роҳбарони ду мамлакат-Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳамкориҳои фарҳангӣ ва адабии ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар рӯ ба рушду густариш овардааст. Иштироки бевоситаи шумо дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аҳолии тоҷиктабори шаҳру вилоятҳо ва амсоли он дар рушду ривоҷи ҳамкориҳои ду мамлакат ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳанд кард,-гуфт Шерпӯлод Вакилов.

Сардабири “Овози тоҷик” аз иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода дар таҷлили 80-умин солгарди зодрӯзи адиб ва тарҷумони шӯҳратёри тоҷиктабори Ӯзбекистон Ҷонибеки Қувноқ ва 110-солагии нависандаи бузурги тоҷик, академик Сотим Улуғзода ибрози сипосгузорӣ кард. Вай афзуд, ки роҳандозии чунин вохӯрӣ ва маҳфилҳо дар таҳкими дӯстию рафоқати халқҳои ӯзбеку тоҷик нақши муассир хоҳанд бозид.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар навбати худ аз ин пазироии гарм арзи минатдорӣ кард ва афзуд:

– Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду мамлакати ҳамҷавор барои тоҷикону ӯзбекон роҳҳои нави ҳамкориҳо боз гардиданд. Ин бесабаб нест. Аз қадим ин ду халқ бо ҳам дӯсту бародар буданд ва дар масири таърих паҳлӯи ҳам кору зиндагӣ карда омадаанд. Дар сарчашмаҳои таърих дар ин хусус маълумоти фаровон ба назар мерасанд. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ намунаи беҳтарин рамзи дӯстиву бародарии ин ду халқи ҳамқисматро бозтоб додаанд ва пайравӣ аз он беш аз пеш самараи нек меоварад.

Тавре ки сафири тоҷик тазаккур дод, сардие, ки дар миёни ду кишвари бародар тақрибан ду даҳсола ба вуҷуд омад, нигарониҳои зиёди мардумони моро ба бор овард. Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, сафари расмии Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ин росто сафари таърихиро касб намуд.

– Байни ду ҷумҳурии бародар робитаҳои наву доманфарох оғоз ёфтанд. Дар байни Ӯзбекистону Тоҷикистон созишномаҳои зиёд ба имзо расиданд. Муҳимтар аз ҳама,  имзои созишнома дар бораи шарикии стратегӣ барои ҳарду кишвар аҳамияти калони таърихӣ дорад. Дар пайи он рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар таҳким бахшидани риштаҳои дӯстӣ ва қаробати халқҳои тоику ӯзбек заминаи мусоид фароҳам меоваранд,-изҳор намуд вай.

Сафири Тоҷикистон зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи “Овози тоҷик” доир ба соҳаҳои гуногун матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ мерасанд. Вай пешниҳод намуд, ки байни рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Ҷумҳурият” як созишномаи ҳамкорӣ имзо шавад.

Дар ин мулоқот роҷеъ ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистика дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва таъмини кадрҳои баландихтисосу баландмалака ибрози назар сурат гирифт, ки матбуоти даврӣ ва радиову телевизиони интишоркунандаи барномаҳои тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он ниёзманд мебошанд.

– Мо бояд домани ин гуна мулоқоту вохӯриҳоро бештару беҳтар густариш бахшем. Зеро он ба манфиати ду кишвар ва таҳкими равобит хеле мусоидат хоҳад кард,-гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Баъд сафири тоҷик дар хотиаи ин мулоқот ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” бастаи  китобҳои бадеӣ армуғон намуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь