Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз шаҳри Бухорои шариф дидан кард. Вай зимни ин ташриф ёдгориҳои таърихии ин шаҳри бостониро тамошо кард. Баъд аз  «Хонаи дӯстӣ»-и он боздид намуд.

Дар бинои “Хонаи дӯстӣ” марказҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Бухоро, аз ҷумла маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва форсигӯёни ин вилоят мустақар мебошад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода чун анъана дар назди даромадгоҳи бинои “Хонаи дӯстӣ” ниҳол шинонд. Дар Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикону форсигӯёни «Офтоби суғдиён» бо фаъолони он дидору мулоқот анҷом дод.

Ба гуфтаи сафир замоне дар бораи шаҳри Бухорои шариф аз асарҳои Устод Айнӣ, хусусан «Ёддоштҳо»-и ӯ,  маълумот пайдо карда буд, аммо ҳоло бевосита манораю мадраса, зиёратгоҳҳои ин шаҳри кӯҳнаро бо чашмони сар мебинаду завқ мебарад.

– Ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, боз ҳам бештар ободу зебо шудани Бухоро  ва мардуми ҳамзабони худро дида хеле шод шудам. Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамин ҷо эҷод кардаааст ва чун сарвари шоирони олам шинохта шудааст. Комёбиҳои халқу кишвари ба дилу дида наздики Ӯзбекистонро дида ҳамеша хеле сарфароз мегардем, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Зимни боздид сафири тоҷик бо шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ дидору мулоқот кард. Асад Гулзода ба Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи вазъи имрӯзаи илму фарҳанг ва маорифи тоҷикони вилояти Бухоро мухтасар маълумот ироа намуд.

– Вақти он расидааст, ки забони ноби тоҷикӣ дар Бухоро боз ҳам бештару беҳтар рушду нумӯъ намояд, зеро сиёсате, ки имрӯз сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пиёда мекунад, мусоидат менамояд, ки тоҷиктаборон низ дар ҷодаи рушду ривоҷи илму фарҳанг ва забону суннатҳои худ  ҷиддан иқдом намоянд, – иброз дошт Асад Гулзодаи Бухороӣ.

Асад Гулзодаи Бухороӣ аз зумраи шоиронест, ки чанде муқаддам се ҷилди “Куллиёт”-и ӯ ба дасти шефтагони шеъри ноби форсӣ расидааст. Ба гуфтаи ӯ ҳоло ҷилди чаҳоруми “Куллиёт”-и худро омодаи нашр месозад ва ба муштариён тақдим мекунад. Вай барои забону фарҳанг аз дилсӯзтарин шоирони тоҷики муқими Ӯзбекистон мебошад ва ҳамеша дар мавриди рушди он ҷаҳду талош менамояд.

Зимни боздид Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Бухоро бо коргардонҳои синамо Бақо Содиқов ва Алӣ Чориев, инчунин журналистон ва аҳли ҳунару адаби тоҷики ин вилоят мулоқотҳо анҷом дод.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қаблан аз вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд, Фарғона, Андиҷон ва Намангон дидан кардаву бо иддае аз фарҳангиёни тоҷиктабори он дидору мулоқотҳо анҷом додааст.

Ин сафари навбатии Абдуҷаббор Раҳмонзода ба Бухорои шариф сурат гирифт ва ӯ бо таассуроти бою ғанӣ аз ин сафар ба шаҳри Тошканд баргашт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь