Дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё корхонаи тавлиди маҳсулоти синтетикии моеъ-“Uzbekisnan GTL”  ба кор шурӯъ мекунад. Дар маросими ифтитоҳи он президент Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

“Сохтмони чунин комплекси азимро самараи сиёсати мо дар бобати ба зинаи нав баровардани тараққиёти саноатии мамлакат арзёбӣ мекунам. Ин корхона низ татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузург дар ҳамин самт мебошад, ки мо соли 2021 амалӣ мекунем”, гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Вай афзудааст, ки дар вилояти Навоии кишвараш ба кор даромадани комбинати истеҳсоли амиак, карбамид ва кислотаи азоти “Навоиазот”, инчунин корхонаҳои панҷум ва ҳафтуми гидрометаллургии комбинати маъдану металлургияи Навоӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин нерӯгоҳи барқи офтобии Кармана аз мисолҳои равшани татбиқи лоиҳаҳо дар Ӯзбекистон мебошанд.

“Ба кор даромадани системаи баҳисобгирӣ ва назорати нерӯи барқ низ дар ҷумҳурии мо яке аз комёбиҳои бузург мебошад. Корхонае, ки имрӯз шурӯъ ба кор хоҳад кард, аз ҳамин лоиҳаҳо маҳсуб меёбад ва бо афзалиятҳои беназири технологӣ ва иқтидори баланди истеҳсолиаш фарқ мекунад”, қайд намудааст президенти Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳ.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев то ҳол чунин комплекси азими саноатӣ ҳамагӣ дар чаҳор давлати ҷаҳон-Қатар, Нигерия, Африкаи Ҷанубӣ ва Малайзия сохта шудааст.  Гуфта шуд, ки дар сохтмони ин комплекси нави саноатӣ дар як вақт 13 ҳазор нафар муҳандис ва коргарон машғули кор шудаанд. Барои ҳамин корхонаи тавлиди маҳсулоти синтетикии моеъ-“Uzbekisnan GTL”  –и Ғузор дар муддати хеле кӯтоҳ арзи вуҷуд намуд.

“Дар ин корхона таҷҳизоте насб гардидааст, ки дар 130 корхонаи 24 давлати дунё, мисли Япония, Сингапур, ИМА, Олмон, Италия, Британияи Кабир, Россия ва Чин истеҳсол шудаанд ва теъдоди он даҳ ҳазорро ташкил мекунад”, тазаккур додааст Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи коршиносони масоъили иқтисодӣ дар арафаи Соли нави 2022-и мелодӣ ба кор даромадани корхонаи тавлиди маҳсулоти синтетикии моеъ-“Uzbekisnan GTL”  маъноҳои рамзиро низ касб хоҳад кард. Зеро коргарону мутахассисони он бо рӯҳияи баланд соли навро дар ҷои нави кори худ истиқбол хоҳанд гирифт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь