Нақлиёти роҳи оҳан дар кишварҳои зиёди олам баъд аз ҳавопаймо дуввумин воситаи муҳими интиқоли мусофирон ва молу мавод аз як манзил ба манзили дигар мебошад. Гуфта мешавад, баъди ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз масъалаҳои муҳиме, ки мақомоти ин давлат дар ҳаллу фасли он камари ҳиммат бастаанд, сохтмони чанд хати нави роҳи оҳан мебошад. Тавре ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф кардааст, Ӯзбекистон дар ин маврид хеле ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад.
Зимни як суҳбати ихтисосӣ бо мухбири “Фараж” масъули дафтари матбуоти инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат”-и Ӯзбекистон Фирдавс Хайриддинов гуфт, ки ҳар хати нави роҳи оҳан, ки дар ивази маблағҳои зиёд сохта шудаанд, бузургтарин дастовард дар солҳои касби истиқлол мебошад.
– Вақте шӯравӣ пош хӯрд ва Ӯзбекистон дар радифи собиқ ҷумҳуриҳои ин иттиҳод мустақил шуд, аз рӯзҳои аввал талош ба харҷ дода мешавад, ки соири минтақаҳои он дар як системаи роҳи оҳан қарор гиранд. Дар акси ҳол кишвар наметавонад пеш равад ва иқтисодиёти худро ривоҷу равнақ бахшад, – иброз дошт Фирдавс Хайриддинов.
Мавсуф афзуд, ки таъсиси системаи мустақили ин намуди нақлиёт барпо гардид ва мунтазам минтақаҳои кишварашро бо ҳам васл менамояд, ҳамзамон дастрасӣ ба шабакаҳои байналмилалии нақлиёти роҳи оҳанро низ таъмин мекунад. Сол аз сол мушкили мусофирони ин кишвар осон ва дараҷаи хизматрасонии ин намуди нақлиёт ба мардум рӯ ба беҳбуд меоварад.
Масъули дафтари матбуоти инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат”-и Ӯзбекистон тазаккур дод, ки ба истифода супурдани хатҳои нави роҳи нави оҳан ғайр аз он ки шимолу ҷануби кишварашро пайваст, салоҳияти иқтисодии вилоятҳои онро низ хеле ривоҷ медиҳад. Фирдавс Хайриддинов мегӯяд, аз як самт ба самти дигар захираҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъшуда, металҳои ранга, маводи сохтмонӣ ва ашёи хом ба воситаи қаторҳои роҳи оҳан интиқол дода мешаванд.
– Аммо таъмини бехатарӣ ва эътимодноки роҳи оҳан аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи мо мебошад. Вазифаи асосии кормандони инспексия маҳз аз иҷрои ҳамин ҷанбаи кор иборат аст, ки хеле масъулияти зиёдро тақозо мекунад, – тавзеҳ дод Фирдавс Хайриддинов.
Тавре масъули дафтари матбуоти инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат”-и Ӯзбекистон мегӯяд, дар хатсайри Тошканд-Самарқанд-Қаршӣ-Китоб, ҳамчунин хатсайри Мароқанд-Бухоро қаторҳое ҳаракат мекунанд, ки суръаташон хеле баланд аст. Барои ҳамин дар ин қисмати роҳи оҳан таъмини бехатарӣ аҳамияти хосаро касб мекунад.
Ба гуфтаи Фирдавс Хайриддинов мувофиқи нақша инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат” пиёда кардани корҳои профилактикиро дар ин минтақа хеле зарур мешуморад.
– Баъзан маҳз бо айби иддае аз ронандагон, ки сабру тоқатро аз даст медиҳанд, ҳолатҳои ногувор рух медиҳанд. Ин ҳодисаҳо дар ҷойҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки роҳи оҳан ва роҳи мошингард якдигарро убур кардаанд. Маҳз дар ин қисмати роҳ эҳтимоли хатари бархӯрди қатор бо автомашинаҳо хеле зиёд аст, ки бояд бар ҳар навъу усул ҷилавгирӣ карда шавад, – изҳор кард масъули дафтари матбуоти инспексияи “Ӯзтемирйӯлназорат”-и Ӯзбекистон.
Фирдавс Хайриддинов ҳамчунин ишора кард, ки Ҷамъияти саҳҳомии “Роҳи оҳани Ӯзбекистон” бар асоси тавсияҳое ҳаракати қаторҳояшро ба роҳ мемонад, ки инспексияи мазкур ба он дастур медиҳад.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд