Комиссияи махсуси мубориза бо пахши коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори нави худро эълон кард. Гуфта мешавад, ки ин қарор бо дархост ва пешниҳоди идораҳову ташкилотҳои марбута содир шудааст.

Бино ба ин қарор ба манзури барқарор нигоҳ доштани вазъияти эпидемиологӣ баргузории ҳар гуна чорабиниҳои идонаи оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, консерту фестивалҳо дар майдони кушод ва толорҳо муваққатан мамнӯъ эълон карда мешавад. Минбаъд мусобиқаҳои варзишӣ бидуни тамошобинону мухлисон баргузор мегарданд.

Қаблан дар Ӯзбекистон аз 1-уми майи соли равон баргузории консертҳо ва тамошоҳои дигар дар толорҳои болопӯшида мутаваққиф сохта шуда буданд.

Аз 1-уми августи соли равон дар маросимҳои мардумӣ, аз қабили тӯйи арӯсӣ, хатнасурӣ, ҷашнҳои солгард ва амсоли он на бештар аз 50 нафар ширкат хоҳанд кард. Ин маросимҳо бо риояи қатъии талабу қоидаҳои санитариву гигиенӣ гузаронида мешаванд.

Дар қарори пештар содиршудаи Комиссияи махсуси мубориза бо пахши коронавирус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 апрели соли равон теъдоди иштирокичиёни ин маросимҳо на бештар аз 100 нафар муқаррар шуда буд.

Дар айни ҳол эмкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дорад. Ӯзбекистон барои эмкунии шаҳрвандони худ воридоти воксинро аз Русия давом медиҳад. 5 июл аз ин кишвар ба Ӯзбекистон як вояи 40-ҳазораи воксини “Спутник V” ворид гардид.

Моҳҳои апрел ва июни соли равон низ ба Ӯзбекистон аз Русия воксини “Спутник V” ба миқдори зиёд ворид шуда буд. Гуфта мешавад, ки захираи воксин дар Ӯзбекистон ба 7 миллиону 400 ҳазор расидааст.

Маъракаи эмкунӣ дар Ӯзбекистон ройгон анҷом дода мешавад. Ба тарғиби он вазирону сардорони идораҳои давлатӣ низ ҷалб карда шудаанд. Ахиран дар пеши назари мардум вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков худро бо воксин эм кард ва аз дигарон даъват намуд, ки дар маъракаи эмкунӣ фаъолона ширкат кунанд. Аммо маълум нест, ки вай кадом воксинро қабул кардааст.

– Мо аз таҳдиди хатари Covid-19 танҳо аз роҳи эмкунӣ наҷот хоҳем ёфт. Ин эмкунӣ моро аз нигарониҳо ва дар хона нишастанҳо низ раҳо мекунад. Ин воксинро ман ҳам қабул кардам. Худро хеле хуб ҳис мекунам. Агар ба тавсияи пизишкон амал кунам, муддати муқарраршуда хеле осон сипарӣ хоҳад шуд. Ба фикрам, қабули воксин чораи ягона барои ба ҳаёт бозгардонидани мо мебошад, – гуфтааст Озодбек Назарбеков дар саҳифаи хусусии фейсбукии худ.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь