Аз 13 то 21-уми сентябр дар шаҳрҳои Тошканд, Хива ва Нуқус “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби Конгресси V-и ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, баргузории чанд намоишгоҳи мусаввирон ва рӯнамоии китобҳои фарҳангиро низ дар мадди назар гирифтааст.
Дар нишасти хабарӣ, ки ба муносибати оғозёбии ин анҷуман баргузор гардид, гуфта шуд, ки омӯзиши мероси фарҳангии Ӯзбекистон, ҳифз ва оммавӣ гардонидани он яке аз масъалаҳои асосист ва онро дастандаркорони Конгресси ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд.
Таъкид гардид, ки дар ҷашнвораи панҷуми Конгресс олимон, пажуҳишгарон, мутахассисони дастхатҳо ва миниатюраҳо, коршиносони хориҷӣ ва теъдоди зиёди хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” намояндагони 40 кишвари олам, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Албания, Утриш, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Чин, Лубнон ва амсоли он иштирок мекунанд.
Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ 15 сентябр дар шаҳри Хива форуми байналмилалии “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор мегардад. Гуфта мешавад, он бар асоси пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ироа кардааст ва дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО сурат хоҳад гирифт.
Тавре дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, Конгресси ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷашнвораи панҷуми худ натиҷаи омӯзишу пажуҳишҳо, нигаҳдорӣ ва оммавигардонии мероси фарҳангиро таҳти баррасӣ қарор хоҳад дод.
12 сентябр дар чаҳорчуби “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” намоишгоҳи наққошӣ ва мултимедии Ҷ.Усмонов таҳти унвони “Тафаккури метафизика аз рӯи осори А.Навоӣ” баргузор гардид. Он аз маҷмӯи мусаввараҳо иборат буда, мундариҷаи достони “Лисон-ут-тайр” (Забони мурғон)-и Навоиро дар меҳвари тасвир қарор додааст.
Гузашта аз ин, Ҷ.Усмонов аз рубоиёти Умари Хайём низ илҳом гирифтааст ва миниатюраҳои хеле ҷолибу ҷаззобро ба маърази тамошо гузаоштааст.
Иштирокчиёни Конгресси панҷуми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Тошканд бо намоишгоҳи маҳсулоти кулолони маъруфи шаҳри куҳани Риштони вилояти Фарғона Шарофиддин Юсуфов ва Бахтиёр Назиров низ ошно хоҳанд шуд.
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни “Ҳафтаномаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” дар шаҳри Хива суханронии ноиби вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, тақдими маърӯзаҳои доктари меъморӣ, профессори кафедраи “Меъморӣ ва дизайн”-и Донишгоҳи тахникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Солия Мамадҷонова, доктари меъморӣ, профессор Рустам Муқимов низ барномарезӣ шудааст.
17-21 сентябр дар доираи ин чорабинӣ иштирокчиёни “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” дар шаҳри Нуқус бо ҳунари бахшиён ошно хоҳанд шуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд