Раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров рӯзи чоршанбе дар ҷамъи хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ гуфт, ки адади нашри рӯзномаҳои зиёд оҳиста рӯ ба афзоиш овардааст. Вай дар баробари як қатор нашрияҳои Ӯзбекистон дар робита ба “Овози тоҷик” низ таваққуф кард.

– Аллакай дар як моҳи ахир адади нашри рӯзномаи сатҳи ҷумҳурии “Овози тоҷик” ба бештар аз панҷуним ҳазор адад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки теъдоди нашри он дар нимсолаи якум ҳудуди ҳазор нусха ва то поёни нимсола 750 ададро ташкил мекард. Интизор меравад, ки сафи обуначиёни он минбаъд беш аз пеш боло хоҳад рафт, – изҳор кард Олимҷон Ӯсаров.

Вай афзуд, ки баъди шурӯъи кор ба ҳайси раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон аввалин рӯзномае, ки бо кормандони он мулоқот баргузор кард ва бо фаъолияти онҳо ошно шуд, маҳз ҳамин рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад.

Ба таъкиди Олимҷон Ӯсаров сармуҳаррир ва чанд нафар ходимони ин рӯзнома баъди бист соли танаффус аз аввалинҳо шуда ба узвияти Иттиҳодияи эҷодии журналистон пазируфта шуданд ва ба онҳо нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи он супурда шуд

Вай ба он нукта боз таъкид варзид, ки дар Ӯзбекистон як қатор нашрияҳо ба номаш нашр мешаванд. Иддае аз нашрияҳо ба далели камии тиражи худ нашри худро кайҳо мутаваққиф сохтаанд.

-Мо ба масъалаи афзоиш додани теъдоди нашри рӯзномаву маҷаллаҳо аз равзанаи дигар нигоҳ хоҳем кард. Иттиҳодияи журналистон ба чунин натиҷа расид, ки номинатсияи “Муассиси беҳтарин” таъсис медиҳад ва онро ба ғолибоне месупорад, ки адади нашри рӯзномаи худро боло мебаранд. Вале дар пайи он номинатсияи “Муассиси бетафовут”-ро низ ҷорӣ мекунад. Ба ин васила барои бедору ҳушёр намудани муассисони ба истилоҳ “Туро газад, маро чӣ ғам?” саҳми шоиста хоҳад гирифт,-гуфт Олимҷон Ӯсаров.

Раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон аз он ибрози ташвиш намуд, ки “Муштум” ва “Матбуоти Ӯзбекистон” барин маҷаллаҳо кайҳо боз аз нашр бозмондаанд. Вай афзуд, ки аз ҷумла маҷалла ҳаҷвии “Муштум” таърихи садсола дорад ва дар он Абдулло Қодирӣ барин нависандаи маъруф фаъолият намудааст.

Дар ин нишасти матбуотӣ Олимҷон Ӯсаров ҳамзамон роҷеъ ба баъзе садду монеаҳо ҳарф зад, ки ба фаолияти журналистони кишвараш мушкилот эҷод менамоянд.

-Бубинед, ки дар давоми 20 соли охир касе ба узвияти Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон қабул карда нашудааст. Ҳоло мо ин корро дубора фаъол сохтем ва ҳар журналисте, ки барои дарёфти узвият ба мо бо ариза муроҷиат мекунад, фаъолияташ баррасӣ мегардад ва дар сурати лоиқ будани ӯ шаҳодатнома ва нишони сарисинагии иттиҳодияро соҳиб мешавад,-гуфт Олимҷон Ӯсаров.

Дар ин нишасти матбуотӣ ҷонишини раиси Қумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои сиёсати иттилоотӣ ва таъмини шаффофияти ниҳодҳои давлатӣ Фарҳод Боқиев низ ширкат намуд.  Вай ба ҳайси узви Сенати Парлумон ба журналистон ваъда дод, ки дар ҳар гуна масъалаҳои мубраму мушкил ба онҳо дасти кумак дароз менамояд.

Баъди ба фарҷом расидани нишасти матбуотӣ Олимҷон Ӯсаров ба мухбири “Фараж” гуфт, ки рӯзномаи “Овози тоҷик”-чопи Тошканд дар баррасии матолиби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвараш хеле нақши муассир мебозад.

Тавре ки вай боз ишора намуд, интизор меравад, ки дар ояндаи наздик миёни Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як меморандуми ҳамкорӣ ба имзо хоҳад расид.

-Ҳоло мо корҳои омодагириро шурӯъ намудаем. Ҳар гуна ҳамкорӣ бо доираҳои журналистии Тоҷикистон ба манфиати мардуми ҳарду кишвари ҳамҷавору дӯст  ва рушди журналистика хидмат хоҳад кард,-иброз дошт Олимҷон Ӯсаров.

Вай ҳамчунин афзуд, ки аз чопи хабару мақолаҳо дар бораи фаъолияти Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар саҳифаҳои интернетии “Фараж”-и Тоҷикистон ва нашрияи он хурсанд хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь