2-юми феврал дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо нишасти матбуотии ин вазорат баргузор гардид. Зимни нишаст вазири ниҳоди мазкур Завқизода Завқи суханронӣ карда, аз фаъолияти вазорат дар соли 2021 натиҷагирӣ кард.

Завқизода қайд кард, ки дар соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ 98,9 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, ӯ бар он ишора намуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои воридотивазкунӣ дар соли  2021 бо маблағи 21 миллиард сомонӣ маҳсулоти воридивазкунанда истеҳсол гардид, ки ин нисбат ба соли 2020 воридоти баъзе намуди маҳсулотро коҳиш дод.

Дар нишаст зикр карда шуд, ки ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 121 млн.  сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 45 млн сомонӣ ё 59% зиёд аст.

Дар ин баробар вазири иқтисод, аз ба имзо расидани лоиҳаи грантии комиссияҳои байниҳукуматии  созишнома дар ҳаҷми умумии 81 млн. доллар ёдовар шуд.

“Инчунин, расмиёти дохилӣ ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳои боқимонда ба маблағи умумии 53 млн. доллар идома дорад. Роҳи Муъминобод-Кӯлоб, ки 35 километр аст, бо қарзи бебозгашти Хитой азнавсозӣ гардид”, – иброз дошт Завқизода.

«Бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсияи истеҳсолот аз ҷониби вазорат лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» таҳия гардид, ки бо қарори Маҷлиси намояндагон аз 16 июни соли 2021, N% 441 тасдиқ шуд”, – гуфт вазир.

Дилноза Хукматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here