Бар асари ҷанҷоли гуруҳӣ, ки 26-уми декабр дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд рух дод, дастикам ду нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузори «Авесто» дар такя ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода, қайд кард, ки феълан додситонӣ таҳқиқ дорад.

«Сабабҳои занозанӣ муайян карда шуда, ҳуввияти ширкаткунадагони ҳодиса маълум мешавад. Тафсилоти дигар баъдан эълон хоҳад шуд”, гуфтааст манбаъ аз ВКД.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расонаҳо, дар Панҷакент рӯзи 26 декабр дар назди мактаби рақами 15 занозании оммавӣ рух додааст. Гуфта мешавад, ки дар занозании оммавӣ ҳудуди 10 нафар, ки ҳама сокинони деҳоти Панҷакент будаанд, ширкат кардаанд.

Тибқи баъзе гузоришҳо, се нафар аз захмҳои корд, аз ҷумла ду бародар, ҷон бохтаанд. Бархе аз иштирокчиёни занозанӣ боздошт шуда, ҳодиса тафтиш мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь