Давоми се моҳи соли ҷорӣ аз занони мардикоре, ки дар назди терминали мусофиракаши шаҳри Бохтар ва Кӯлоб ҳамаруза ҷамъ меоянд, 55 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

– Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани занони корҷӯ дар мардикорбозори шаҳри Бохтар ва Кӯлоб аз ҷониби раёсат ва шӯъбаву бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ намоишҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, – дар ин бора сардори Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода ба “Фараж” хабар дод.

Ба гуфти ӯ, ҳангоми баргузори намоишҳо дар моҳи январ дар мардикорбозори шаҳри Бохтар 45 корхонаву ташкилот 499 ҷойи холи корӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Дар ин намоиш танҳо корхонаи саноатии ҶСП “Ҷунтай Данғара Синсилу Текситил ” 405 ҷойи нави кории худро пешниҳод кард, илова кард манбаъ.

– Дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод 3 ҳазору 280 нафар иштирок карда, 519 нафар ба қайд гирифта шуда, 209 кас ба роҳхат таъмин гардида, 55 нафардар корхонаи саноатии ҶСП “Ҷунтай Данғара Синсилу Текситил ” бо ҷойи кор таъмин шуданд, – гуфт Файзализода ва афзуд, ки ҳамчунин 210 нафрашон ба машварати касбӣ ва 45 нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бар замми таъмини ҷойи кор ба занони корҷӣ ва фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзӣ, дида мешавад, ки рӯз то рӯз  шумораи занони корҷӯ дар шаҳри Бохтар  ва Кӯлоб  афзоиш ёфта, интизори корфармо мешаванд, то машғули коре шуда маблағе ба даст оранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here