Як зани 27-сола аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, як марди 70-сола аз ноҳияи Фархорро ба хонаи худ даъват карда, 10 ҳазор сомониашро дуздидааст.
Милитсияи Хатлон хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи Шарҳритус бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми феврали соли 2023, тахминан соатҳои 20:30, марди 70-солаи сокини ноҳияи Фархорро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, аз ҷайбаш 3500 сомонӣ, шиносномаи миллӣ ва 1 корти ширкати “Душанбе-сити”, ки дар дохили корт маблағи 6500 сомонӣ мавҷуд будааст, тариқи пинҳонӣ аз худ кардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.