Дар Ҷумҳурии Туркманистон кормандаони бозрасии давлатии автомобилӣ аз бонуҳо ҳуҷҷатҳои ронандагиашонро гирифта, сабукравҳои онҳоро ба майдонҳои ҷаримавӣ мефиристанд, – менависад сомонаи  habartm.org.

Тавре як зани сокини шаҳри Ишқобод ба манбаъ  гуфтааст: “Дар аввал ман ба ин овоза бовар накардам, аммо вақте ба ин ҳодиса рӯ ба рӯ шудам, баъд ба ҳақиқат будани он бовар ҳосил кардам. Ҳоло занҳо аз нишастан дар паси чанбараки мошин меҳаросанд ва барои ҳамин аксари занҳои коргарро шавҳарҳояшон ба кор бурдаву меоранд”.

Акнун роҳбарияти корхонаҳо аз ҳар бонуи коргаре, ки бо сабукрави шахсияш ба кор меояд, барои минбаъд нанишастан паси чанбарак, баёнот мегиранд.

Дар баробари ин, дар Туркманистон сиёҳкунии шишаҳои нақлиётҳоро манъ карда, шурӯъ аз пойтахти кишвар ронандаҳои мошинҳои “сиёҳшишаро” ҷарима кардаанд.

5-уми декабри соли гузашта дар як нишаст вазири корҳои дохилии Туркманистон Исгендер Муликов гуфтааст, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар аз ноӯҳдабароии ронандагии занҳо ба амал омадааст, бинобар ин барои  пешгирии ин ҳодиса чорандешӣ шавад. Худи президент Бердимуҳаммедов барои ислоҳи ин ба вазир фармон додааст.

Дар дунё манъ кардани рондани нақлиёт барои занҳо дар мисоли Туркманистон қадами аввал нест, зеро қаблан дар мамлакатҳои арабӣ барои занҳо қонунан рондани нақлиётро манъ карда буданд, аммо охири соли гузашта ин қонун бекор карда шуд ва бонуҳои араб низ ҳуқуқи  рондани мошинро пайдо карданд.

Нуралӣ Карим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь