Тафтиши пешакии як ҳодисаи марги маҷбурӣ маълум кардааст, ки зани ба ҳалокатрасида даст ба худкушӣ назадааст, балки аз тарафи шавҳараш кушта шудааст. Ин ҳодиса дар Панҷакент рух додааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 1, моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.
Номбурда, 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, дар хонаи истиқоматиаш бо далели рашк ба ҳамсараш, ҷавонзани 22-сола, муноқиша карда, бо истифода аз рӯймоли занона гулӯи ӯро фишурда бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар болои оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба дор овехта, ҳолати мазкурро ҳамчун худкушӣ вонамуд карда, дар бораи ин ҳодиса волидайн ва дигаронро хабардор кардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1, моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.