Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбии шадид ба қайд гирифта шуд, ки боиси харобиҳои зиёд ва қурбон шудани одамон гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, ки маркази он 21-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва  165 км шимолу шарқи Душанбе будааст. Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки шиддати зилзила дар марказаш 5-6 дараҷаи Рихтер аст. Дар ин заминларза панҷ нафар, ки 4 тани онҳо бачаҳои аз 6 то 12-сола буданд, ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи заминҷунбӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма ва Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 7 хона, дар деҳоти Шархо ва Сари Шухони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 хона зарар дидаанд.

Дар айни замон Комиссияи махсус, ки бо роҳбарии сарвазири кишвар таъсис гардид, ба фаъолият оғоз кардаву ҳаҷми хисорооти воридшударо меомӯзад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here