Дар изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дар натиҷаи тирпаронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ шудаанд.

Ин ниҳод хабар медиҳад, ки соати  14:55-и рӯзи 08-уми июли соли 2021-ум 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур карданд.

Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони автомати Калашников мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронанд.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон дар хусуси вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.

Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Қирғизистон 9-уми июл гуфтаанд, ки дар натиҷаи тирпарронии як рӯз пеш дар марз бо Тоҷикистон сарбози 27-солаи ин кишвар, Ҳусниддин Ҳоҷиев, кушта шудааст. Дар ин бора радиои “Озодӣ” хабар дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here