Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ изҳор кард. Дар ин бора рӯзномаи Wall Street Journal менависад.

Ба навиштаи нашрия, чораҳои мавриди баррасӣ ба эҳтимоли зиёд ба бахши бонкӣ таъсир нахоҳанд дошт, вале имконоти дигари фишор болои Маскав баррасӣ мешавад.

Манобеъ ҳамчунин хабар доданд, ки ба гуфтаи раҳбари Кохи Сафед, агар “кӯшиши охирин” натиҷа надиҳад, эҳтимол дорад ИМА аз раванди ҳалли низоъ дар Укроин берун шавад.

Чанде пеш Трамп гуфт, Владимир Путин “девона шудааст” ва ӯро дар хушунати бемаънӣ муттаҳам кард. “Ман ҳамеша бо Владимир Путин муносибатҳои хеле хуб доштам, аммо бо ӯ чизе рӯй додааст. Вай комилан девона шудааст! Ӯ бисёр одамонро бесабаб мекушад, ин ҷо ман танҳо дар бораи низомиён ҳарф намезанам. Мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар шаҳрҳои Укроин бесабаб партоб карда мешаванд. Ман ҳамеша гуфтам, ки ӯ мехоҳад тамоми Укроинро аз худ кунад…, агар ин тасдиқ шавад, боис ба суқути Русия мешавад», навишт Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth.

Трамп инчунин аз президенти Укроин Владимир Зеленский интиқод карда, ӯро дар эҷоди мушкилоти иловагӣ айбдор кард. “Ҳар чизе, ки ӯ мегӯяд, мушкилот эҷод мекунад, ин ба ман маъқул нест ва беҳтараш бас кунад”, гуфтааст Трамп.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь