Як муовини раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлонро, ки масъули сохтмон ва тақсими замин будаст, боздошт карданд.
Як манбаъ аз ноҳияи Восеъ ба “Фараж” иттилоъ дод, чанд рӯз пеш Алихон Худоёрзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ боздошт шудааст. Манбаъ шарҳ надод, ки сабаби дастгир шудани муовини раиси ноҳия чист, аммо аз додситонии ноҳияи Восеъ ба расонаҳо хабар доданд, нисбат ба Алихон Худоёрзода ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ (банди 316-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд.
Блоки рекламавӣ