Вазорати  нақлиёт мақолае, ки дар сомонаи расмии рӯзномаи «Фараж» аз 15 январи соли 2023 дар мавзуи «Дар роҳи оҳани Бохтар кӣ ба доди мусофирон мерасад?» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба масъулини соҳа ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ, супоришҳои дахлдор дода шуд.

Вобаста ба бартараф намудани масъалаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти КВ «Мусофирбарӣ»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба сардори вокзали Хатлон Қурбонов Изат барои сари вақт шароит муҳайё накардан ба мусофирон дар рӯзҳои ҳавои сард ва аз барф тоза накардани саҳни вокзали роҳи оҳани Хатлон, дар асоси фармоиш муҷозоти интизомӣ дар намуди «сарзаниш» татбиқ карда шуд.

Ҳамзамон, роҳбарияти вокзали Хатлон вазифадор гардидаанд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф  намуда, хизматрасонӣ ба мусофиронро дар сатҳи баланд ташкил намуда, раванди таъмири бинои вокзали роҳи оҳан Хатлонро тезонанд.

Ш. Саидмуродзода, муовини вазир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь