Аз ҷониби муовини раиси вилояти Суғд О. Хоҷазода ба редаксия вокуниш ба навиштаи сомонаи мо – «Панҷакент: Деҳае дар селроҳа» расид. Аз ин вокуниш чунин бармеояд, ки як гурӯҳи корӣ ташкил шудааст ва онҳо барои рафъи камбудиҳое, ки дар навиштаи хабарнигор буд, амал мекунанд.

Дар вокуниш гуфта мешавад:

«Ба Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” Хуршед Атовулло

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо масъулини шаҳри Панҷакент мақолаи сомонаи Фараҷ – «Панҷакент: Деҳае дар селроҳа», ки 12 октябри соли равон дарҷ гардидааст, бо ташкили гурӯҳи корӣ дар маҳал, мавриди омӯзишу таҳлил қарор дод.

Зимни азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки аз байни деҳаи Заврони ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ селроҳа мегузарад. Аз ҳисоби тоза накардан селроҳа аз регу шағал айни замон пур шуда, дар ҳолати боришоти зиёд ва омадани сел хавфи сар задани офати табиӣ ба хонаҳои истиқоматии деҳаи мазкур ҷой дорад.

Дар қисмати рости селроҳа барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, дар асоси қарори дахлдори раиси шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 448 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо карда шуда, зиёда аз 140 нафарашон хонаҳои истиқоматиро бунёд намудаанд.

Ҷиҳати ҳимояи хонаҳои истиқоматӣ аз воридшавии сел аз тарафи раиси маҳалла Тоштемуров У. ва истиқоматкунандагони деҳаи Заврон, инчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тақрибан дар масофаи 1000 метр хатти ҳифзи муҳофизатии соҳил гузаронида шудааст. Ҳоло барои ба пуррагӣ тоза намудани селроҳа ва эмин нигоҳ доштани аҳолии деҳаи Заврон гузаронидани наздики 2000 метр корҳои хатти муҳофизатӣ зарур мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент барои гузаронидани корҳои хатти муҳофизатӣ дар деҳаи Заврон тадбирҳои заруриро меандешанд.

Бояд қайд намуд, ки дар рӯзи азназаргузаронӣ истихроҷи ғайриқонунии регу шағал аз ҷониби гурӯҳи корӣ ошкор нагардидааст ва масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки минбаъд назоратро аз болои худсарона кашонидани регу шағали сойи мазкур пурзӯр намоянд.

Муовини раиси вилоят О. Хоҷазода».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь