31-уми марти соли ҷорӣ ҳайати расмии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷорҷ Орлов ҷиҳати баргузор намудани вохӯрии дуҷониба бо раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом ба бинои марказии Бонк омаданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии вохӯрии мазкур ин баррасии вазъи бахши молиявии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021 бо дарназардошти таъсири пандемия, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.
Дар оғози мулоқоти дуҷониба аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С., рунамоӣ оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2021, пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд карда шуд. Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – ҷаноби Ҷорҷ Орлов нисбат ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун Бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд.