Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба ВМКБ ба шаҳри Хоруғ парвоз кард ва аз он ҷо ба ноҳияи Шуғнон рафт.

Сарвари давлат дар ноҳияи Шуғнон нахуст дар маркази ноҳия шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, сипас ба 35 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюби ин ноҳия туҳфаҳои идона тақдим кард.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ифтитоҳ карду ба бунёди Майдони парчами давлатӣ санги асос гузошт. Дар ҳамин рӯз роҳбари давлат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот ва дар назди онҳо суханронӣ кард.

Дар охири ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон як майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ кард. Иншооти варзишӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллар сохта шудааст.

Субҳи имрӯз, 29-уми сентябр, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» идома ёфт. Зеристгоҳи барқии «Хоруғ» дар назди НБО-и Хоруғ дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи «Помир-1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд карда шудаанд.

Дар идома президент аз намоиши техника дар шаҳри Хоруғ дидан карда, бо лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2» ва «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» шинос шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here