ВКД як сокини шаҳри Душанберо бо ҷурми қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир кардааст. Мақомот аз ӯ Беҳрӯзи Субҳиддин ном бурда, ӯро дар бештар аз 20 ҳолати мардумфиребӣ дар интернет гунаҳгор медонанд. ВКД назари гумонбар ва наздикони ӯро расонаӣ накардааст.

Ба навиштаи ин ниҳод шахси дастгиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи қалбакӣ, бо номи “Солиҳин-ТВ” ва “Муҳаммад-ТВ” фаъол намуда, ба мардумфиребӣ машғул будааст, вале мақомот дақиқан зикр накарда, ки гумонбар дар кадом шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи худро кушодааст.

ВКД менависад, ки ин нафар дар саҳифаҳои қалбакии худ эълонҳои дурӯғин нашр намуда, аз мардуми ниёзманд маблағ талаб мекардааст. Ӯ мардумро бовар мекунонидааст, ки баъди гирифтани маблағ номи онҳоро ба рӯйхати ниёзмандон ворид мекунад, то шаҳрвандон ба онҳо кӯмак намоянд. Баъди гирифтани маблағ ба зангҳои онҳо ҷавоб намедодааст.

Мақомот шахси дастгиршударо дар бештар аз 20 ҳолати мардумфиребӣ айбдор дониста, менависад, ки дар ҳар яке аз ин мавридҳо ӯ маблағҳои пулӣ аз 800 сомонӣ то 2 ҳазор сомонии шаҳрвандонро ба манфиати худ истифода кардааст. Нисбати ин нафар тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Тайи чанд моҳи охир теъдоди ашхос ё блогерон, ки аз ҷониби мақомот дастгир мешаванд, меафзояд. Бештари онҳо бо ҷурми қаллобӣ ва дашному таҳқир дар интернет айбдор мешаванд.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь