Дар як соли охир шумораи ҷинояти вазнини одамкушӣ ва суиқасд дар кишвар боло рафта, ба 58 адад расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2021-ум 17 адад зиёд будааст. Дар баробари ин ҷиноятҳои роҳзанӣ, ғоратгарӣ, савдои одамон, авбошӣ низ дар соли 2022 нисбатан афзоиш ёфтаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти хабарии ниҳодаш ба рӯзноманигорон гуфт, дар умум сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар поён рафтааст.
– Дар соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ, аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ 22 481 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар соли 2021-ум 24 118 адад ҷиноятро ташкил медод. Теъдоди ҷиноятҳои аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкоргардида 14 612 адад мебошанд, – гуфт вазир.
Ба гуфтаи Раҳимзода кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 дарсадро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ВКД, ҷиноятҳое, ки дар соли 2022 нисбатан кам ба ҳисоб гирифта шудаанд, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-131 адад (соли 2021-ум 133 адад), қаллобӣ-1856 (2250), дуздӣ-4868 (6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ-250 (332) будаанд.
Вазир гуфт, дар натиҷаи пурзӯр кардани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2022 дар кишвар 500 адад силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии гуногун мусодира карда шудаанд.