Дар минтақаи Амирсойи ноҳияи Бӯстонлиқ, воқеъ дар кӯҳистони вилояти Тошканд роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Гурӯҳи журналистони дохиливу хориҷӣ барои ширкат дар маросими ифтитоҳи он ба дараи Амирсой даъват карда шуданд.
Иқрор мешавам, ки бори аввал роҳи танобӣ ё кабелиро дар маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафеддара” дида будам ва ба воситаи он худро ба баландиҳои пурбарфи он ва дорои табиати зебову гуворо расонидаам. Он ҷо низ барои сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда будаанд.
Минтақаи фароғативу истироҳатии Амирсойи ноҳияи Бӯстонлиқ низ мисли ҳамон Сафҷеддара соҳиби роҳи нави кабелӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон-вазири Туризм ва варзиш Азиз Абдуҳакимов дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар радифи инкишофи намудҳои дигари туризм кишвараш ба туризми кӯҳӣ низ эътибори махсус медиҳад.
-Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғайр аз он ки бо шаҳрҳои бостонии худ маърууфу машҳур гаштааст, инчунин тасмим гирифтааст, ки туризмро дар минтақаҳои кӯҳистонӣ низ ривоҷ диҳад. Зеро кӯҳҳои баланду табиати мароқангези он мусоидат менамояд, ки ва дашту дамани паҳновари худ низ машҳур гаштааст. Новобаста аз мавсим тамоми фаслҳои сол сайёҳону гардишгарони маҳалливу хориҷӣ метавонанд аз ин имкониятҳо фаровон истифода кунанд,-гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Маълум шуд, ки роҳи нави кабелии намуди гондолӣ аз тарафи ширкати ҷаҳонии Доппелмайр истеҳсол мегардад ва барои сохтани он аз арматураҳои баландсифати пӯлодӣ истифода сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ин роҳи кабелӣ куллан бехатар буда, барои ба баландиҳо интиқол додани сайёҳон хеле мусоидат менамояд.
74 кабинаи роҳи нави кабелӣ шишабандӣ шудаанд ва ҳар савори он манзараҳои чаҳор тарафро тамошо карда, худро ба баландии 2290 метр мерасонад. Дар ҳар як кабина 10 нафар интиқол меёбанд. Дарозии роҳи кабелӣ 2 ҳазору 913 метрро ташкил мекунад ва дар як соат метавонад 2 ҳавзору 400 нафарро дар 9 дақиқа аз як самт ба самти дигар интиқол диҳад.
Сохтумони роҳи нави кабелии “Amirsoy Express” 15,2 миллион евроро тақозо кардааст ва муддати сохтмонаш ҳафтуним моҳро ташкил мекунад.
-Дар ояндаи наздик дар баландии 2 ҳазору 290 метр майдони якмолакбозӣ ба масоҳати 70 ба 41 метр арзи вуҷуд хоҳад кард. Хоҳишмадон метавонанд дар ин ҷо конкирониро машқ кунанд,-гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Сайёҳон метавонанд дар тарабхонаву қаҳвахонаҳои он хӯрок тановул кунанд. Инчунин дӯконҳои зиёди тиҷоратӣ низ дар ихтиёри онҳо гузошта шудааст. Аммо дар ояндаи наздик барои сайёҳоне, ки он ҷо чанд рӯзи худро сипарӣ хоҳанд кард, меҳмонхонаҳои 3 ва 4-ситораӣ низ сохта хоҳанд шуд.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд