Дар пайи зиёд шудани шикоятҳо дар мавриди пул ситонидани духтурон ҳангоми таваллуд вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ ройгон будани хизматрасонӣ дар таваллудхонаҳоро таъкид кард.

“Таваллуд дар Тоҷикистон ройгон аст. Ин чизро мо бояд қабул кунем, вақте ягон қонуншиканӣ ё ягон муносибати дағал мешавад, ин вобаста аз виҷдонӣ ҳамон корманд ва ё ҳамон шахс аст. Хизматрасонӣ дар таваллудхона ба пуррагӣ бе пул аст”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар ин баробар, шикоятҳо дар пайи ситонидани маблағ ҳангоми бурриши қайсарӣ низ садо доданд. Вазир ройгон будани ин намуди хизматрасониро низ таъкид кард. Инчунин, Абдуллозода бар он ишора кард, ки ҳангоми хабаргирӣ аз фаъолияти беморхонаҳо, шахсан бо наздикони беморон аз гирифтани маблағ аз ҷониби духтурон суҳбатҳо анҷом медиҳад.

“Бурриши қайсарӣ низ куллан ройгон аст. Ман баъзан вақт ба хешовандони беморон савол медиҳам, ки шумо бурриши қайсарӣ кардед, оё аз шумо маблағ талаб карданд. Хушбахтона, ман бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашудам”, – гуфт вазир.

Аммо аз ҷониби вазири тандурустӣ як нуктаи дигар қайд карда шуд, ки агар бемор аз дигар минтақа бошад, дар он ҳолат метавонад хизматрасонӣ пулакӣ шавад.

“Дар мо барномаҳои кафолатҳои давлатӣ ҳаст. Дар ҳамон барномаҳои кафолатҳои давлатӣ омадааст, ки агар митнақаи хизматрасонии бемор дигар шавад, ҳатман маблағ месупорад”, – изҳор дошт Абдуллозода.

Инчунин, дар нишасти хабарии вазорат пешниҳод шуд, баҳри пешгирӣ кардани чунин амалҳо хубтар мешуд хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо расман пулакӣ карда шаванд. Дар ин сурат шояд шахси ба таваллудхона омада камтар маблағ сарф кунад.

Дар ҳамин баробар вазири тандурустӣ Абдуллозода Ҷамолиддин аз шаҳрвандон хост ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь