Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар як изҳорот қайд кардааст, ки рушди авзоъи Афғонистонро бодиққат пайгирӣ хоҳад кард.
Бино ба ин изҳорот Ӯзбекистон талоши нерӯҳои дохилии Афғонистонро дар бораи омодагии онҳо барои ташкили ҳукумати фарогир дастгирӣ мекунад.
Дар пайи он Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар чаҳорчӯби музокироти байни афғонҳо дар Доҳа сулҳу субот дар Афғонистон ба даст меояд.
“Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки интиқоли қудрат дар кишвар бо дарназардошти ризоияти умум ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ аз роҳи мусолиматомез сурат мегирад”, зикр шудааст дар изҳороти ВКХ Ҷукмҳурии Ӯзбекистон.
Инчунин, ҷониби Ӯзбекистон ибрози умедворӣ кардааст, ки дар Афғонистон ризоияти миллӣ таъмин мегардад ва барои ташаккули давлати қодиру босалоҳият шароити созгор фароҳам оварда мешавад.
“Ҷониби Ӯзбекистон бори дигар ӯҳдадории худро оид ба нигоҳ доштани муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоядории нек бо Афғонистон ва принсипи мудохила накардан ба умури дохилии ин кишвари ҳамсоя тасдиқ менамояд”, омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, дар айни ҳол намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар Кобул ва Мазори Шариф ба таври маъмулӣ кор мекунанд.
“Ҷониби Ӯзбекистон бо намояндагони Ҷунбиши “Толибон” дар робита ба масъалаҳои таъмини ҳифзи марз ва нигоҳ доштани субот дар минтақаҳои марзӣ вориди алоқа мебошад”, қайд шудааст дар он.
Дар изҳороти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон инчунин омадааст, ки ҳар гуна кӯшишҳо барои вайрон кардани марзи давлатиро мувофиқи қонунгузориҳои худ баррасӣ мекунад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд