Таҳти роҳбарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, машварати байниидоравӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раванди Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират (MGI) 29 январи соли ҷорӣ  дар меҳмонхонаи Хилтон, Душанбе баргузор гардид. Чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ)-ро бо ҳам овард.

Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират соли 2015 бо мақсади беҳтар арзёби намудани иҷроиши ҳадафи рушди устуворӣ 10.7.2 ё “сиёсати муҳоҷирати хуб идорашуда” таҳия шудааст. Бояд қайд намуд, ки Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират замина барои баҳодиҳии  чаҳорчӯбаи сиёсати миллӣ, муайян кардани камбудиҳо ва пайгирии амалишавии ӯҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти муҳоҷирати бехатар ва муназзам мусоидат мекунад. Аз соли 2016 инҷониб 83 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар раванди Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират иштирок мекунанд.

Ҷаласа бо суханони истиқболи ҷаноби Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оғоз ёфт. Пас аз он Майкл Ҳюитт, Роҳбари лоиҳаи СБМ дар Тоҷикистон ба нишаст аҳамияти мавзуъи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва ҳамкории наздики СБМ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар шуд. Дэвид Мартинеу, ҳамоҳангсози лоиҳаи Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират дар сардафтари СБМ, Женева  раванд ва тарзи истифодаи онро барои таҷрибаи пешқадам ва муайян кардани камбудиҳо дар чаҳорчӯбаи сиёсати муҳоҷират муаррифӣ кард. Ӯ се хусусияти асосии Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷиратро таъкид кард, ки он ихтиёрӣ, машваратӣ ва ҳамоҳанг будани он  бо заминаҳои маҳаллӣ мебошад. Дар давоми ҷаласа  Баҳром Самадов, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ ва Анвар Бабаев, мушовири миллии СБМ дар бораи натиҷаҳои тадқиқоти Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират гузориш намуда, соҳаҳои барои рушди минбаъда номбар намуданд. Онҳо тарзи инникос намудани натичаҳо дар Стратегияи миллии муҳоҷират то соли 2030 низ гуфта гузаштанд.

Баъд аз муаррифӣ, иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои ҳисоботро муҳокима карда, омодагии худро нисбат ба вокунишҳои Ҳукумат дар самти муҳочират, баён намуданд.  Намояндагони вазоратҳои ширкаткунанда ба мувофиқа расиданд, ки пешниходу ақидаҳои худро нисбат ба натичаҳои тадқиқот ба Вазорати меҳнат, муҳочират ва шугли аҳолӣ ирсол намоянд. Дар баробари пешниҳодҳои чойдошта дастгирии қурбониёни хариду фурӯши одамон ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хорича низ пешниҳод карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь