Дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари Хосор бинои нави Маркази саломатӣ бунёд гардид. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён хабар дод.
Маркази саломатӣ дорои қабулгоҳ, ҳуҷраҳои ташхис, доругузаронӣ, таваллудхона ва нигоҳубини кӯдак, хатнакунӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ буда, бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад
Барои сари вақт расонидани беморон ба Маркази саломатӣ аз ҷониби Шералӣ Мирзо автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ки муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимоти тиббии сатҳи муосир мебошад, тақдим карда шуд.
Блоки рекламавӣ