Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Рӯзона 30-35 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти ғарб 10-15 метр дар як сония мевазад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 28-33 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.