Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона  +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда, ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона ба 13+18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат  шабона 3+5  ва рӯзона +15+17  дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь