Шурӯъ аз имрӯз то 14 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 м борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳарорати рӯзона то 8 дараҷа паст гашта, шамол аз самти ғарб то  ба 20-25 метр дар сония мевазад. 

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3500 м боридани барфи  тар дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона +10 +15 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +29+31 дараҷа гарм мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь