Қароргоҳи Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Вашингтон пас аз изҳороти роҳбари Департаменти самаранокии ҳукумат (DOGE) Илон Маск дар бораи зарурати қатъ кардани фаъолияти ин созмон баста шуд, хабар медиҳад CNN.

Издиҳоми зиёди рӯзноманигорон дар бинои оҷонсӣ ҷамъ омада буданд. Ба кормандон паёми электронӣ фиристода шуд, ки дар хона бимонанд.

“Бо дастури роҳбарияти оҷонсӣ, қароргоҳи USAID дар бинои Роналд Рейган дар Вашингтон, дар округи Колумбия рӯзи душанбеи 3-юми феврали соли 2025 барои кормандони оҷонсӣ баста хоҳад шуд”, – гуфта мешавад дар нома. Дар нома қайд карда мешавад, ки кормандони оҷонсӣ, ки маъмулан дар қароргоҳи USAID кор мекунанд, ба истиснои онҳое, ки вазифаҳои асосии хидматрасониро дар бино иҷро мекунанд, ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард.

Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, аз деворҳои бино рамз ва аксҳое, ки фаъолияти USAID-ро нишон медиҳанд, бардошта шуданд. Як рӯз пеш торнамо ва саҳифаи ин оҷонсӣ дар шабакаи иҷтимоии X низ аз фаъолият бозмонд.

Маск рӯзи 3-юми январ USAID-ро “созмони ҷиноӣ, ки бояд бимирад” номид. “USAID як чоҳи мори марксистони чап аст, ки ба Амрико нафрат доранд”, – гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь