8-уми феврал дар шаҳри Ҳарбини Чин нуҳумин Бозиҳои зимистонаи Осиё оғоз шуд, ки варзишгарони тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ ширкат карданд.
Дар бозиҳо варзишгарони тоҷик Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ аз рӯйи намуди варзиши лижаронии кӯҳӣ зери роҳнамоии мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев дар рӯзи дуюми мусобиқа ширкат карданд.
Аз миёни 58 варзишгар дар лижаронии кӯҳӣ тоҷикистониҳо дар кӯшиши якум 36, 39, 40 ва 43-юм ва дар кӯшиши дуюм 32, 34, 35 ва 37-ум шуда ба марра расиданд.
Медали тило насиби варзишгари 23-солаи ҷопонӣ Такаюкӣ Кояма бо нишондоди 43.29 сония гардид. Медали нуқраро намояндаи Куриёи Ҷанубӣ Ҷунг Донгён бо нишондоди 44,08 сония соҳиб шуд. Медали биринҷиро Парк Юн низ аз Куриёяи Ҷанубӣ бо нишондоди 44.33 сония соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик бидуни медал 9-умин Бозиҳои зимистонаи Осиёро дар Ҳарбин ба анҷом расониданд.
Ҳоло пас аз ду рӯзи мусобиқа кишвари мизбон Чин бо 44 медал (15 тило, 15 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар феҳристи маҷмуи медалҳо пешсаф мебошад. Кореяи Ҷанубӣ бо 27 медал (11 тило, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ) дуюм аст. Ҷопон бо 11 медал (3 тило, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар зинаи сеюм аст.