“Мехоҳам, ки дар хонаам интернети босуръат ва алоқаи устувор бошад! Барои чӣ оператор дар наздикӣ пойгоҳи базавиро насб намекунад?!” Мактубҳоро бо ҳамин гуна мундариҷа ҳамаи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ қабул менамоянд. Воқеан ҳам – чаро бо гузашти зиёда аз бист соли “даври мобилӣ” то ҳол ҷойҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо ҳоло ҳам такмили сифати алоқа лозим меояд? Сабабҳои асосиро номбар мекунем.

Ҳамсоя зид аст!

Парадокс, лекин на ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон тарафдори онанд, ки операторон шабакаҳои худро инкишоф диҳанд! Аз сад сокини хонаи баландошёна 80 нафарашон интернети босуръат мехоҳанд ва зид нестанд, ки дар боми бино бо ҳамин мақсад пойгоҳи базавӣ (ПБ) гузошта шавад. Лекин боқимондаҳо бо талаби манъи ин амал ба мақомоти гуногун мактубҳо менависанд, маҳз ақидаи онҳо дар ниҳояти кор нақши ҳалкунанда хоҳад бозид.

Одатан ин гуна “муборизон” на гузоришҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро, ки тӯли даҳсолаҳо ягон робитаи мавҷҳои радиоии ПБ-ро бо саломатии инсон пайдо накардааст, ва на пешомади бе алоқа мондани худро ба назар мегираенд. Инчунин он масъала, ки ПБ танҳо бо иҷозати ХСЭ ва дигар мақомоти назоратӣ насб карда мешавад, ягон аҳамияте надорад. Бояд гуфт, ки меъёрҳо дар Тоҷикистон ниҳоят қатъиянд. Дар омади гап, он далеле, ки афканишоти тафдони гармкунандаи ошхона аз пойгоҳи базавӣ зиёдтар аст, инчунин барои “муборизон” аҳамияте надорад. Хушбахтона, теъдоди сокиноне, ки аз иҷро гардидани хоҳишҳояшон аз ҷониби оператор хушҳол мешаванд, ба маротиб зиёдтар аст.

Бо тартиби навбат

Инак, ҳамаи сокинони бино ё деҳа барои насби ПБ розиянд ва бесаброна интизорӣ мекашанд. Сипас кори оператор шерӯъ мешавад, ва ногуфта намонад, ки ин вақти хеле зиёдро мегирад.

Дуюм, бояд таҷҳизот аз хориҷа харида ба Тоҷикистон оварда шавад. Нархи як пойгоҳи базавӣ даҳҳо ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҳатто ширкати бузурги телекоммуникатсионӣ имкон надорад, ки анборро бо ин гуна “оҳан”-и  гаронарзиш ҳамчун захира ташкил намояд.

Дуюм, барои дастраскунии ҳама гуна иҷозатномаҳо аз ҳамаи мақомоти назоратӣ якчанд моҳ меравад. Зеро фаъолияти ПБ бояд дар мувофиқати қатъӣ бо қонунҳо ва меъёрҳои бехатарӣ ба роҳ монда шавад.

Сеюм, “база” бояд насб, танзим ва дар шабака “ба қайд гирифта шавад”, то ки он бо ПБ-и дигар ба таври муносиб амал карда тавонад ва сигнали телефонро бо сифати баланд интиқол диҳад.

Натиҷа: барои насби ПБ дар бом ё манораи алоҳида то ним сол вақт ва то 100 000 доллар маблағ меравад. Ҳатто агар оператор ҷиҳати беҳтар намудани алоқа хоҳиши хеле калон дошта бошад ҳам, ӯ хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва технологии ҷараёни насби таҷҳизоти навро сарфи назар карда наметавонад. Барои ҳамин муроҷиатҳо бо хоҳишу дархостҳои муштариён ба НРТ – нақшаи умумии рушди техникӣ дохил карда шуда, бо тартиби навбат ҳангоми пайдо шудани нахустин имконият иҷро карда мешаванд.

Вақте хароҷоти ПБ бароварда мешавад

Масалан, танҳо як оператори кишвари мо – МегаФон Тоҷикистон ҳармоҳа дастикам 20 мактуби дастаҷамъонаро бо дархости насби пойгоҳи базавӣ дар деҳа ё кӯчаи муайян қабул менамояд. Теъдоди чунин мактубҳо дар як сол то 400 адад мерасад. Аз ҳама фаъолтаринҳо – сокинони НТМ мебошанд, аз ҷониби онҳо миқдори бештари муроҷиатҳо ворид мешаванд. 30% ҳамаи дархостҳо мусбат ҳал карда мешаванд. Ҳамин ҳаҷм ба Нақшаи рушди техникии соли оянда дохил карда мешавад. Боз наздики 10% мактубҳо мавриди баррасӣ қарор доранд, зеро зарур аст, ки тамоми ҳисобу китоб ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ба амал бароварда шавад.

Фаромӯш кардан лозим нест, ки фаъолияти ҳар як ширкати телекоммуникатсионӣ – ин тиҷорат аст. Табиист, ки хароҷоти он бояд бароварда шуда, инчунин фоида ба даст оварда шавад. Насби ПБ бошад, хароҷот барои таҷҳизот, пардохти меҳнати васлгарону мутахассисони дигар, иҷораи майдон, маблағи нерӯи барқ, боҷҳои давлатӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Ва агар муштариён дар ин минтақа кам бошанд, муҳлати хароҷотбарории сармоягузориҳо тӯлонӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Маблағи тарофаҳоро даҳ маротиба боло бурд? Ин ба қоидаҳои бозори телекоммуникатсионӣ рост намеояд. Бар зарари худ кор кард? Пас фоида ба даст намеояд ва андозҳо низ ба буҷети давлат супорида намешаванд. Дар ҳолати мазкур қарори аз ҳама оқилона – даст кашидан аз насби таҷҳизоти база ба ҳисоб меравад. Муваққатан даст кашидан.

“Муваққатан” чӣ маънӣ дорад? Ин маънои онро дорад, ки бунёди ПБ дар макони “камсамар” ба ҳар ҳол имконпазир аст. Ин метавонад лоиҳаи иҷтимоии оператор ё қисми барномаи давлатӣ гардад – масалан, агар дар ин минтақа ягон макони тамошобоби туристӣ ҷой гирифта бошад. Чунин ҳам мешавад, ки дар макони камодам маҳаллаи нави истиқоматӣ сохта мешавад. Теъдоди истифодабарандагони телеком-хизматрасониҳо пайваста меафзояд, муҳлати хароҷотбарории сармоягузориҳо то сатҳи қобили қабул кам мегардад – дар ин гуна вазъиятҳо насби “база” фоидаовар хоҳад буд. Хуллас, агар бо хоҳиши такмили сифати алоқа ба оператор муроҷиат кардан хоҳед – ҳатман ин корро кунед. Бигзор дарҳол не, лекин масъалаи Шумо ҳал хоҳад шуд.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь